Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин “кодекси нав”-ро имзо кард: Русия тибқи кодекс қоидҳои депорти муҳоҷиронро сахттар мекунад
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия кодекси маъмурии Русия дар тағйироти навро имзо кард, ки бар асоси он шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ихроҷ аз кишвар боис шаванд, беш аз ду баробар зиёд мешаванд. Ҳамзамон, барои бархе аз ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба муҳоҷират ҳаҷми ҷаримаҳо низ боло бурда шудааст.
Қонуни нави №294 рӯзи 4-уми август ба имзо расида, теъдоди моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русияро, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.
Бар асоси қонун, ихроҷ метавонад барои як қатор қонуншиканиҳои марбут ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа пешбинӣ шавад. Ба ин гурӯҳ, аз ҷумла, авбошии майда, нақзи қоидаҳои баргузории гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот, иштирок дар чорабиниҳои ғайрирасмӣ ва ҷалби ноболиғон дохил мешаванд.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати табъиз бар асоси ҷинс, нажод, миллат, забон ё муносибат ба дин низ хатари ихроҷ пешбинӣ шудааст. Намоиш ё таблиғи рамзҳои мамнуъ, барангехтани адоват, паҳн кардани маводи экстремистӣ ва амалҳое, ки мақомоти Русия онҳоро бадном кардани истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ меноманд, низ ба тағйироти нави кодекси маъмурӣ ворид шудаанд.
Кодекс ҳамчунин, барои саркашӣ аз иҷрои талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ҳангоми ҳифзи марзи давлатӣ, имкони ихроҷро пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи манбаъҳои русӣ, кодекс як қатор қонуншиканиҳои дигар, аз ҷумла вайрон кардани талаботи марбут ба вазъи фавқулода, ҳолати ҳарбӣ, амалиёти зиддитеррористӣ ва баъзе қоидаҳои марбут ба созмонҳои номатлуб ва агентҳои хориҷиро низ фаро мегирад.
Дар баробари ин, ҷарима барои нақзи қоидаҳои вуруд ва будубош дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд мешавад. Ҳадди ақали ҷарима барои чунин қонуншиканӣ аз 2 ҳазор ба 4 ҳазор рубл ва барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ низ аз 2 ҳазор ба 4 ҳазор рубл мерасад. Барои қонуншиканиҳои такрорӣ ҳаҷми ҷаримаҳо низ боло бурда мешавад.
Кодекси нав ҳамчунин, имкони бекор кардани қарор дар бораи ихроҷ бар асоси баъзе ҳолатҳои башардӯстона, аз ҷумла доштани оила ё муддати тӯлонӣ дар Русия зиндагӣ карданро барои ин гурӯҳи нави қонуншиканиҳо маҳдуд мекунад.
Кодекс пас аз 90 рӯзи нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”