27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
19.08.2026 14:01

Дар Исфара марде бо баҳонаи хондани дуо ба ҷинояти ҷинсӣ гумонбар шуд

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мақомоти интизомӣ мардеро ба содир кардани амалҳои бадахлоқона нисбат ба занон бо истифода аз эътимоди динии онҳо гумонбар медонанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳолат дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ошкор шудааст.

Ба иттилои Вазорат, гумонбар Исомиддинов Садриддин, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Конибодом буда, дар Исфара муваққатан зиндагӣ мекардааст. Мақомот мегӯянд, ӯ қаблан низ бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД, мард гӯё бо баҳонаи хондани дуо ба заноне, ки барои гирифтани кумак ба назди ӯ меомаданд, амалҳои бадахлоқона анҷом медодааст.

Яке аз ҳолатҳои зикршуда ба 13-уми августи соли 2026 рост меояд. Ба гуфтаи мақомот, гумонбар ба манзили як сокини шаҳри Исфара рафта, худро барои хондани дуо муаррифӣ кардааст. ВКД мегӯяд, ӯ ҳангоми анҷоми ин амал аз эътимоди динии зан истифода карда, нисбат ба ӯ рафтори бадахлоқона нишон додааст.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба Исомиддинов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши парванда идома дорад. Ҷузъиёти дигари қазия, аз ҷумла мавқеи гумонбар ва натиҷаи ниҳоии тафтишот то ҳол расман нашр нашудааст.

Гумонбар то замони собит шудани гуноҳаш дар додгоҳ мутобиқи қонун бегуноҳ дониста мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.