Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Суғд мехоҳад бо оби камтари "қатрагӣ" пахтаи бештар парвариш кунад
Дар як замини 14-гектараи пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров об дигар дар рӯи замин паҳн намешавад, он мустақиман ба минтақаи решаи ҳар растанӣ мерасад. Масъулони кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қушvатов умед доранд, ки ин технология на танҳо ҳосили имсоларо афзоиш медиҳад, балки роҳи истифодаи самараноктари обро барои солҳои оянда боз мекунад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳия бо вазъи нашъунамои пахта дар ин хоҷагӣ шинос шуд. Ба гуфтаи масъулон, ҳолати зироат хуб аст ва истифодаи обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки об бо талафоти камтар ба растанӣ расонида шавад.
Мутахассисон ҳоло ҳосили эҳтимолии пахтаро то 70 сентнер аз ҳар гектар арзёбӣ мекунанд. Аммо ин рақам ҳанӯз натиҷаи ниҳоӣ набуда, то ҷамъоварии ҳосили пахта маълум нахоҳад шуд, ки замин воқеан чӣ қадар ҳосил додааст. Риояи муҳлатҳои агротехникӣ, ҳолати замин, таъмини саривақтии об ва нигоҳубини зироат низ метавонанд натиҷаи ниҳоиро муайян кунанд.
Бо вуҷуди ин, роҳбарияти хоҷагӣ аллакай тасмим гирифтааст, ки таҷрибаро идома диҳад. Тибқи нақша, соли оянда майдони пахтаи бо обёрии қатрагӣ таъминшаванда аз 14 гектар ба 100 гектар расонида шавад.
Обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки об ба ҷойи паҳн шудан дар тамоми сатҳи замин, ба минтақаи решаи растанӣ расонида шавад. Дар шароите, ки истифодаи самараноки захираҳои об аҳамияти бештар пайдо мекунад, чунин технология метавонад барои пахтакор ҷолиб бошад.
Мақомоти вилоят ҳамчунин, бар он таъкид кардаанд, ки ҷалби олимон ва мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосир бояд ба кори доимии хоҷагиҳои кишоварзӣ табдил ёбад. Ба роҳбарони хоҷагиҳо зарурати иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда низ таъкид шудааст.
Агар пешбинии ҳосил амалӣ шавад ва технология воқеан ба сарфаи обу афзоиши ҳосил мусоидат кунад, 100 гектари соли оянда метавонад марҳилаи навбатии як таҷрибаи бузургтар гардад. Таҷрибае, ки нишон медиҳад, то куҷо обёрии қатрагӣ метавонад пахтакории Суғдро тағйир диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”