27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
19.08.2026 10:07

Сайти амрикоӣ: Кишварҳо ба тавонмандии низомии ИМА бештар шубҳа мекунанд

Як сайти амрикоӣ навишт, ки ҷобаҷокунии фаврии як киштии ҳавопаймобари ИМА аз Ҷопон ба Ховари Миёна нигарониҳоро дар миёни муттаҳидони Вашингтон дар бораи қобилияти ин кишвар барои нигоҳ доштани ҳузури низомӣ дар чанд минтақа ҳамзамон афзоиш додааст.

Бар асоси гузориши ин расона, интиқоли киштии ҳавопаймобари “USS George Washington” аз Ҷопон ба Ховари Миёна барои иваз кардани киштии “USS Abraham Lincoln” боис мешавад, ки ИМА дар ҳоле ки рақибонаш фаъолияти низомии худро намоиш медиҳанд, дар ғарби Уқёнуси Ором киштии ҳавопаймобари дигаре надошта бошад.

Ба навиштаи сайти “Аксиос” (Axios) холигӣ дар ҷойгиркунии киштиҳои ҳавопаймобар нишон медиҳад, ки вазъ дар Ховари Миёна то чӣ андоза ба банақшагирии низомии Вашингтон таъсир мерасонад. Ба гуфтаи ин расона, ин вазъ ҳамчунин, саволҳоеро дар бораи қобилияти ИМА барои ҳифзи ҳамзамони ҳузури низомиаш дар ду минтақа ба миён овардааст.

Ба гузориши “Аксиос”, набудани киштии ҳавопаймобар дар ғарби Уқёнуси Ором ва коҳиши тамринҳои муштараки низомӣ бо Кореяи Ҷанубӣ метавонад мавқеи Чинро тақвият диҳад, ки муттаҳидони ИМА набояд пурра ба кафолатҳои амниятии Вашингтон такя кунанд.

Марк Кансиан, афсари бознишастаи артиши ИМА ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ гуфт, ки Чин метавонад аз чунин холигиҳо барои афзоиши фаъолияти баҳрии худ дар наздикии муттаҳидони ИМА, аз ҷумла Ҷопон ва Тайван, истифода кунад. Ба гуфтаи Марк Кансиан, идомаи чунин вазъ метавонад дар миёни кишварҳои минтақа дар бораи сатҳи дастгирии эҳтимолии низомии ИМА нигарониҳо ва шубҳаҳои бештар ба вуҷуд орад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.