Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрориро эълон кард. Озмуни тақсимоти такрории иловагӣ мешавад
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон кард.
Манбаъ дар сомонаи расмии худ навишт, ки дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 11-ум то 14-уми август аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки довталаби комёбшудаи даври мазкур бояд то 21-уми август ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавад. Дар сурати ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.
Ҳамчунин, Маркази миллии тестӣ навиштааст, ки довталабоне, ки комёб нашуданд, имкон доранд дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ иштирок намоянд, ки аз 22-юм то 24-уми августи соли равон бақайдгирӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”