Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қирғизистон ва Ӯзбекистон масъалаи кӯчонидани сокинон дар доираи табодули заминро баррасӣ карданд
Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои татбиқи созишҳо оид ба табодули қаламравҳо қадамҳои мушаххасро муайян карданд. Комиссияи муштараки ду кишвар масъалаҳои кӯчонидани сокинон, шаҳрвандон, моликият ва истифодаи заминро баррасӣ мекунад.
Дар шаҳри Қадамҷои вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи Комиссияи муштараки кории Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он масъалаҳои ташкилию техникии марбут ба табодули заминҳо баррасӣ шуданд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, ҷонибҳо роҳҳои татбиқи амалии созишҳои қаблан бадастомадаро муҳокима карда, тартиби минбаъдаи кори муштаракро мувофиқа карданд.
Комиссияи муштаракро аз ҷониби Қирғизистон муовини якуми вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират Қ. Досматов ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Б. Қудратхуҷаев роҳбарӣ мекунанд.
Дар натиҷаи ҷаласа ҳайати гурӯҳи муштараки корӣ низ тасдиқ шуд. Ба он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ду кишвар шомил шудаанд.
Гурӯҳи корӣ бояд як қатор масъалаҳои амалиро ҳал кунад. Аз ҷумла, кӯчонидани сокинони минтақаҳои мавриди табодули қаламрав, муайян кардани мақоми шаҳрвандии онҳо, қабул ва супоридани объектҳои моликияти давлатӣ ва ба расмият даровардани ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон аз вазифаҳои ин гурӯҳ хоҳад буд.
Масъалаҳои истифодаи замин, таъмини иҷтимоии аҳолӣ ва идомаи бефосилаи таҳсил низ дар доираи кори гурӯҳи муштарак баррасӣ хоҳанд шуд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки Ӯзбекистон раванди супоридани деҳаҳо ба Қирғизистонро оғоз кардааст.
Ду кишвар ҳамчунин, ният доранд, ки ҳаҷми гардиши молро дар оянда то 2 миллиард доллар расонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”