Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сенатори амрикоӣ: Трамп бо «дурӯғ» Амрикоро ба ҷанги Эрон кашид
Ҷон Оссофф, сенатори демократ Доналд Трамп ва вазири дифои ИМА Пит Ҳегсетро ба он муттаҳам кард, ки бо ироаи маълумоти бардурӯғ Амрикоро ба ҷанг бо Эрон кашидаанд. Ӯ ҳамчунин, иддаоҳои маъмурияти Трамп дар бораи пешрафт ва натиҷаҳои ҷангро зери суол бурд.
Ҷон Оссофф, сенатори демократ аз иёлати Ҷорҷия, дар як гирдиҳамоии интихоботӣ дар Атланта гуфт, ки Трамп дар маъракаи интихоботӣ ваъдаи поин бурдани нархҳо ва барқарор кардани сулҳро дода буд, аммо дар амал Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг ворид кард.
Ҷон Оссофф ба мавқеъҳои мухталифи маъмурияти Трамп дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ишора карда, гуфт, ки соли гузашта мақомоти амрикоӣ аз нобуд шудани ин барнома хабар дода буданд, дар ҳоле ки имсол онро «таҳдиди фаврии ҳастаӣ» номидаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарду иддао дурӯғ будаанд.
Ин сенатор ҳамчунин, изҳороти Трамп дар бораи пешрафти амалиёти низомиро танқид кард. Ба гуфтаи Ҷон Оссофф, президенти ИМА дар рӯзи аввали ҷанг гуфта буд, ки амалиёт «пеш аз ҷадвал» ҷараён дорад ва ҳамагӣ чаҳор рӯз баъд аз «пирӯзӣ» сухан гуфтааст. Ӯ афзуд, ки бо гузашти 170 рӯз аз оғози ҷанг, ин иддаоҳо бо воқеият мутобиқат намекунанд.
Сенатор Ҷон Оссофф, инчунин, изҳороти Пит Ҳегсет, вазири дифои ИМА, дар бораи ҷангро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, Ҳегсет дар рӯзи нуҳуми ҷанг таслим шудани Эронро пешбинӣ карда, дар рӯзи 14-ум аз нобуд шудани артиши Эрон ва дар рӯзи 40-ум аз иҷро шудани тамоми ҳадафҳои ҷанг хабар дода буд.
Сенатори демократ гуфт, ки иддаоҳои мазкур баъд аз чаҳор моҳи дигар низ ба воқеияти майдони ҷанг мувофиқат намекунанд. Ҷон Оссофф дар идомаи суханонаш ҳукумати Трампро шадидан интиқод карда, гуфт, ки ворид кардани як миллат ба ҷанг тавассути «дурӯғ», нодида гирифтани шаҳрвандон ва истифода аз низомиён ҳамчун «гаравгони бозӣ» амали қобили қабул нест.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки тибқи маълумоти овардашуда дар гузориш, ҷанг бо Эрон ба моҳи шашум ворид шуда, болоравии қимати сӯзишворӣ ба яке аз паёмадҳои иқтисодии он дар ИМА табдил ёфтааст.
Миёнаи қимати як бушка бензини маъмулӣ дар ИМА ба ҳудуди 4,07 доллар расидааст, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3,14 доллар буд. Дар Ҷорҷия низ қимати бензин ба ҳудуди 3,80 доллар расида, аз 2,91 доллари соли гузашта бештар шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”