27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
18.08.2026 17:11

Ӯзбекистон дар 25 кишвари ҷаҳон “сафирони содиротӣ” таъин мекунад

Ӯзбекистон тасмим гирифтааст дар 25 кишвари ҷаҳон намояндагони махсуси содиротӣ таъин кунад, ки ба ширкатҳои маҳаллӣ барои ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ ва густариши фурӯши маҳсулот кумак хоҳанд кард.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин ташаббусро рӯзи 18-уми август зимни мулоқоти ошкор бо соҳибкорон эълом кард.

Тибқи нақша, 20 кишваре интихоб шудаанд, ки тақрибан 60 дарсади ҳаҷми содироти Ӯзбекистон ба онҳо рост меояд. Панҷ бозори дигар ҳамчун самтҳои ояндадори содиротӣ муайян шудаанд.

«Сафирони содиротӣ» аз миёни соҳибкороне интихоб хоҳанд шуд, ки ба бозори кишвари дахлдор бештар маҳсулот содир мекунанд. Ҳукумати Ӯзбекистон ният дорад хароҷоти сафар ва иқомати онҳоро ҷуброн кунад.

Мақомоти кишвар ҳамчунин, барои содиркунандагон як қатор имтиёзҳои нав пешбинӣ кардаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои узбекӣ метавонанд содироти маҳсулотро идома диҳанд, ҳатто агар маблағи интиқоли қаблӣ ҳанӯз ба онҳо ворид нашуда бошад.

Ҳамзамон, талаботи пардохти пешакии 50-фоиза ҳангоми таҳияи инвойс бекор карда мешавад. Муҳлати ворид шудани даромади асъорӣ барои ширкатҳое, ки тавассути хонаҳои савдо ва дистрибюторҳо фаъолият мекунанд, то 365 рӯз дароз карда хоҳад шуд.

Тағйирот ҳамчунин, қарзҳои муҳлатгузаштаи марбут ба амалиёти содиротиро дар бар мегирад. Тибқи қарори пешниҳодшуда, то охири соли ҷорӣ маблағе, ки соҳибкор барои пардохти чунин қарз ба суратҳисоби бонкӣ ворид мекунад, ҳамчун даромади содиротӣ ҳисоб карда мешавад.

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, ин тадбирҳо бояд ба ширкатҳои маҳаллӣ барои пайдо кардани шарикони нав, ворид шудан ба шабакаҳои тиҷоратии хориҷӣ ва гирифтани сертификатҳои зарурӣ мусоидат кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.