27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
18.08.2026 17:05

Толибон пас аз панҷ сол ИМА-ро ба Афғонистон даъват карданд

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ аз Иёлоти Муттаҳида даъват кардааст, ки пас аз панҷ соли хуруҷ ба Афғонистон баргардад, сафорати худро боз кунад ва дар бахшҳои истихроҷи маъдану сохтмони зербиноҳо сармоягузорӣ намояд. Аммо Вашингтон ин пешниҳодро рад карда, мегӯяд, ки Кобул то ҳол ба уҳдадориҳои худ дар мубориза бо терроризм вафо накардааст.

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ гуфтааст, ки Кобул мехоҳад муносибатҳоро бо ИМА «бар пояи эҳтироми мутақобил» аз нав ба роҳ монад. Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи ҷанг ба поён расидааст ва акнун бояд «саҳифаи нави ҳамкории мусбат» оғоз шавад.

Мутаққӣ пешниҳод кардааст, ки ИМА дипломатҳояшро ба Афғонистон баргардонад ва дар истихроҷи захираҳои табиӣ, инчунин, сохтмони сарбандҳо ва роҳҳо сармоягузорӣ кунад. Афғонистон дорои захираҳои қобили таваҷҷуҳи литий, мис, маъдани оҳан ва баъзе металлҳои нодири заминӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Толибон бозгашти нерӯҳои низомии Амрикоро қатъиян рад кардааст. Ӯ гуфтааст, ки афғонҳо ҳузури низомии кишварҳои дигарро дар қаламрави худ қабул нахоҳанд кард.

Толибон ҳамчунин, мехоҳанд намояндагиҳои дипломатии худро дар ИМА боз кунанд. Ба гузориши рӯзномаҳои амрикоӣ, барқарор кардани робита бо ҳукумати Доналд Трамп яке аз ҳадафҳои асосии талошҳои дипломатии Толибон шудааст.

Аммо Департаменти давлатии ИМА ин пешниҳодро напазируфтааст. Вашингтон мегӯяд, ки Толибон ба уҳдадориҳои худ дар мубориза бо терроризм вафо накардаанд ва иҷоза додаанд, ки қаламрави Афғонистон барои таҳияи ҳамлаҳо истифода шавад.

Дар ҳамин ҳол, муносибатҳои Вашингтон ва Кобул дар моҳҳои охир сардтар шудаанд. ИМА додани бархе раводидҳо ба шаҳрвандони Афғонистонро боздошта, маҳдудиятҳои вуруд ҷорӣ кардааст. Ҳамзамон, Вашингтон ба Покистон наздиктар шудааст: кишваре, ки аввали соли ҷорӣ ба мавзеъҳо дар Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буд.

Миллиардҳо доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон низ дар ИМА ҳамчунон блокшуда боқӣ мондаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.