Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
"Шоҳин"-и РВКД Душанбе дар мусобиқаи тактикӣ-тирпарронӣ байни кормандони воҳидҳои таъиноти махсус иштирок мекунад
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, аз 20-ум то 24-уми август дар Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия 30-юмин мусобиқаи кушоди тактикӣ-тирпарронӣ байни кормандони воҳидҳои таъиноти махсус баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе намояндагӣ мекунад.
"Дастаи «Шоҳин» дар доираи барномаи мусобиқа аз 11 намуди гуногуни омодагии тактикӣ ва тирпарронӣ бо дастаҳои кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси иштирокчӣ қувваозмоӣ намуда, маҳорати касбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва сатҳи баланди тахассусии худро нишон хоҳад дод", - наивштааст манбаъ.
Афзуда мешавад, ки иштироки дастаи «Шоҳин» дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани таҷрибаи касбӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба миёни воҳидҳои таъиноти махсуси кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”