Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нурулло Алиев бо размкор аз Топ-15 рақобат мекунад
UFC рақиб ва санаи муҳорибаи навбатии размкори бебохти тоҷик Нурулло Алиевро расман эълон кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ташкилоти мазкур, Нурулло Алиев 24-уми октябр дар мусобиқаи UFC 333, ки дар Абу-Даби баргузор мегардад, бо Грант Давсон рақобат мекунад.
Нурулло Алиев 25-уми июли соли равон охирин муҳорибаашро гузаронида, ғолиб омада буд ва пас аз он варзишгари эронитабори амрикоӣ Бениел Дариушро ба муҳориба даъват карда буд. Ташкилоти UFC ба варзишгари тоҷик рақибе доданд, ки ҳоло дар рейтинги вазни сабук дар ҷойи 15-ум қарор дорад.
Бояд гуфт, ки ин рақобати муҳимтарини корномаи Нурулло Алиев мешавад, зеро аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар UFC бо варзишгаре муҳориба мекунад, ки дар рӯйхати беҳтаринҳои вазни худ қарор дорад. Дар сурати ғалаба, роҳи Нурулло Алиев боз ҳам барои расидан ба камарбанд ҳамвор мешавад, зеро варзишгароне, ки дар топ-15 қарор мегиранд, имкони зиёд доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”