27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
18.08.2026 12:07

Табиб ва ихтироъкор: Суннатулло Шарифзода бо ихтироъ ва тоқии миллӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад

Суннатулло Шарифзода, табиби ҷарроҳ ва ихтирокори тоҷик бо дастовардҳои илмӣ ва навовариҳои худ тавонист номи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунад. Қаҳрамони мо муаллифи 4 ихтироъ дар соҳаи тиб мебошад, ки онҳоро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ ҳам истифода мебаранд. Ӯ 28 сол дошта, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Суннатулло Шарифзода дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар Кувейт бо пешниҳоди ихтироъ ва усули нави табобати роҳҳои бачадон ва ҳамроҳакҳо сазовори медалҳои тилло ва биринҷӣ гардид. Маҳз дар ҳамин давра номи ӯ дар расонаҳо садо дод.

Имрӯз ӯ аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, ҳамзамон духтури ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъдаи "Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тибби шаҳри Душанбе" мебошад. Ӯ ҳамарӯза дар самти ҷарроҳӣ ба табобати беморон машғул аст.

Аз орзуи кӯдакӣ то рисолати ҳаёт

Суннатулло мегӯяд, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба дард кашидани одамон бетафовут набуд: “Аз кӯдакӣ дилам аз дарди дигаре ором намегирифт” — мегӯяд ӯ.

Дар паси ҳар рӯзи кори пурмасъулият — умед бахшидан ба одамоне меистад, ки ба ёрии табиб ниёз доранд.

Яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои зиндагии Суннатулло Шарифзода ба солҳои мактабӣ рост меояд: даврае, ки дар он на танҳо дониш, балки аввалин қадамҳои ҷиддии ӯ ба сӯйи муваффақият гузошта шуданд.

Он солҳо, ӯ дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни биология иштирок карда, тавонист аввалин медали олимпиадаро ба МТМУ №35-и ноҳияи Фархор оварад. Ин рӯйдод барои мактаб танҳо як ғалаба набуд, балки як лаҳзаи таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Баъд аз ин пирӯзӣ, ӯро бо эҳтироми хоса мудири шуъбаи маорифи ноҳия пешвоз гирифта буд.

Суннатулло он лаҳзаро чунин ба ёд меорад: “Яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои зиндагии ман ба давраи мактабӣ рост меояд: вақте ки ман аз фанни биология дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, аввалин медали олимпиадаро ба мактаб овардам. Он вақт барои мо ин воқеан як рӯйдоди бузург буд…”

Аммо шояд лаҳзае, ки бештар дар дили ӯ нақш бастааст, на танҳо ғалаба, балки видоъ буд.

Вақте ӯ ба Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб қабул шуд, роҳи зиндагияш ба як марҳилаи нав ворид гардид. Дар он рӯзҳо, омӯзгораш Шамсиддинова Сарвиноз бо эҳсоси омехтаи ифтихор ва ғам ӯро гусел кард.

“Вақте ба Мактаби президентӣ қабул шудам, устодам маро бо ашк гусел кард, дар аввал розӣ набуд, вале баъдан дуои модарона дод.”-мегӯяд қаҳрамони мо.

Ин суханон танҳо хотира нестанд, балки як робитаи маънавии амиқ миёни устод ва шогирданд, ки то имрӯз боқӣ мондааст.

Ҷолиб он аст, ки баъдтар худи ҳамин омӯзгор, ки дорои маълумоти олии фанҳои химия ва биология мебошад, ба шаҳри Кӯлоб ба хабаргирии шогирдаш рафта, бо дидани шароити хуби таълим ба ҳамон муассиса ба кор қабул шуд.

Ин воқеаҳо барои Суннатулло як дарси муҳим шуд: зиндагӣ як хатти рост нест — он пур аз гардишҳост. Ва ҳар як қадами инсон метавонад на танҳо тақдири худи ӯ, балки роҳи зиндагии дигаронро низ тағйир диҳад.

Роҳ ба сӯйи муваффақиятҳои илмӣ

Дар баробари фаъолияти тиббӣ, қаҳрамони мо дар соҳаи илм ва ихтироъкорӣ низ муваффақ аст. Ӯ муаллифи 4 ихтироъ мебошад, ки имрӯз дар соҳаи ҷарроҳӣ онҳоро на танҳо дар дохили кишвар ҳамчунин, хориҷ аз кишвар ба таври васеъ истифода мебаранд. Ихтироъи вай асосан асбобҳои ҷарроҳие мебошанд, ки барои бартараф кардани оризаҳои баъдиҷарроҳӣ пешбинӣ шудааст.

“Навкор будам, дар рафти ҷарроҳӣ иштирок мекардам ва шоҳиди хунравиҳо ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ, сӯрохшавии девораи бачадон ва осеби худи бачадон мешудам. Асбобҳое, ки ман ихтироъ кардам, шакли анатомии бачагонро такрор мекунанд, умуман осеб намерасонад, ҳамчунин, вақти амалиёти ҷарроҳириро кӯтоҳ ва оризаҳои баъди ҷарроҳиро пешгирӣ менамояд"- гуфт, Сунатулло Шарифзода.

Дастовардҳои ӯ дар озмунҳо ва конфронсҳои илмӣ назаррасанд, аз ҷумла: Медали сарисинагии “Беҳтарин мақолаи илмӣ дар ҳудуди ИДМ – 2023” (ш. Тошканд); Дипломи дараҷаи 1 дар Конфронси олимони ҷавон ва донишҷӯён дар Тоҷикистон; Дипломи дараҷаи 1 дар 78-умин конфронси байналмилалӣ (ш. Самарқанди Ӯзбекистон); Дипломи дараҷаи 3 дар конфронси илмӣ (дар ш. Бухоро); Ғолиби ҷойи якум дар озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” (номинатсияи ихтирокорӣ дар даври 3-юм); Ғолиби озмуни байналмилалии “100 идея барои давлатҳои ИДМ” (дар шаҳри Остонаи Қазоқистон) ва ғайра.

Ин дастовардҳо ӯро на танҳо ҳамчун табиб, балки ҳамчун олим ва навовар муаррифӣ мекунанд.

Муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ

Яке аз лаҳзаҳои муҳим дар фаъолияти ӯ иштирок дар 16-умин форуми ҷаҳонии ихтироъкорон дар Кувейт буд, ки дар он ихтироъҳояшро муаррифӣ карда, сазовори медали тилло гардид.

Сунатулло мегӯяд: “Ҳар боре ки барои иштирок дар олимпиадаҳо ба хориҷи кишвар меравам, ҳатман бо тоқии тоҷикӣ ширкат мекунам. Дар баробари муаррифии ихтироъҳоям, мехоҳам фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷиконро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям.”

Қаҳрамони мо бо тоқии тоҷикона диққати иштирокчиён ва ҳакамонро ба худ ҷалб намуд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони ҳайати ҳакамон аз кишварҳои гуногун, ки аз Миср, Арабистони Сауди, Кувайт буданд, бо дидани тоқӣ бо шавқ аз Суннатулло мепурсиданд: “Шумо аз Тоҷикистон ҳастед?” Вақте посух гирифтанд, ки аз Тоҷикистон аст, бо эҳтиром гуфтанд: “Тоҷикистон ба пеш!”

Ин лаҳза барои ӯ як эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулияти бештар бахшид, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро дорад.

Табибе, ки ба беморон умед мебахшад

Дар кори ҳаррӯза, ӯ бо ҳолатҳои гуногуни беморон рӯбарӯ мешавад. Имрӯзҳо барои табобат ба назди Суннатулло беморон дар баробари аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои меоянд. Баъзан синни ҷавониаш боиси тааҷҷуб мегардад, аммо дониш, таҷриба ва натиҷаи кори ӯ ин шубҳаро зуд аз байн мебарад. “Вақте ба касе кумак мекунӣ, тамоми хастагӣ фаромӯш мешавад,” - мегӯяд ӯ.

Айни замон Суннатулло Шарифзода фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро идома медиҳад. Ӯ тадқиқоти худро ба табобати комплексӣ ва пешгирии захмҳои сироятёфтаи баъдиҷарроҳии девораи пеши шикам бахшидааст.

“Айни замон дар зинаи аспирантураи клиникӣ таҳсил менамоям ва кори илмии худро дар самти табобат ва пешгирии оризаҳои баъдиҷарроҳӣ идома медиҳам. Ҳамзамон, барои ман иштирок дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» хеле муҳим аст” - гуфт Шарифзода.

Дар баробари фаъолияти илмӣ, ӯ ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ низ омодагӣ мебинад. Имсол соли сеюм аст, ки бо тайёрии ҷиддӣ дар ин озмун ширкат мекунад.

Ҳамчунин, ӯ аз ҷониби Академияи ихтироъкорони Чин барои иштирок дар Форуми ҷаҳонии ихтироъкорон, ки рӯзҳои 21–23-юми августи соли 2026 дар шаҳри Гуанчжоу баргузор мегардад, даъват шудааст.

Мубораки Қосим

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.