Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон Ҷумъаҷон Фотеҳро дар майдони ҳавоии Кобул латукӯб карданд
Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки Ҷумъаҷон Фотеҳ пас аз расидан ба майдони ҳавоии Кобул аз сӯйи нерӯҳои гурӯҳи террористии Толибон латукӯб ва ба истихбороти ин гурӯҳ супурда шудааст.
Манобеъ рӯзи душанбе, 17-уми август ба расонаи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки нерӯҳои Толибон дар пайи даргирӣ бо афроди Ҷумъаҷон Фотеҳ дар Бадахшон, рафтуомад миёни рустоҳои Қуғуз, Вуҷам ва Нусайро мутаваққиф кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, беш аз 100 коргари маъдан аз Нусай дар минтақаи Вуҷами Боло иҷозаи рафтан ба хонаҳояшонро наёфтаанд.
Ҳамзамон, тафтиши хона ба хона ва халъи силоҳи афрод дар ин минтақаҳо оғоз шудааст.
Манобеъ мегӯянд, ки шуморе аз нерӯҳои Ҷумъаҷон Фотеҳ ба рустоҳои Шӯриён ва Ҷӯй фирор кардаанд ва танҳо афроди солхӯрда ҳамроҳ бо Муҳаммад Ёсин, масъули логистикаи ин гурӯҳ, дар Қуғуз боқӣ мондаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”