27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
18.08.2026 10:13

Қарзи бештар, хатари камтар: чаро Қазоқистон аз Тоҷикистон осебпазирии камтар дорад?

Бо вуҷуди он ки Қазоқистон аз ҳама бештар қарзи хориҷӣ дорад, сохтори қарзгирии ин кишвар онро нисбат ба Тоҷикистон камхавфтар нишон медиҳад.

Бузургтарин қарзгири Осиёи Марказӣ ҳатман осебпазиртарин иқтисоди минтақа нест. Қазоқистон тақрибан аз се ду ҳиссаи тамоми қарзҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, аммо қисми асосии ин қарзҳо бар дӯши давлат нест, балки ба тавозунномаҳои ширкатҳо ва бахши хусусӣ вобастаанд.

Дар муқобил, Тоҷикистон танҳо қисми хурди ин маблағро ҳамчун қарзи хориҷӣ дорад, вале ҳамоно бо хатари ҷиддии буҳрони қарзӣ рӯбарӯ мебошад. Ин тафовут ба хубӣ нишон медиҳад, ки сохтори қарз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то чӣ андоза гуногун аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон ба қарзгирии давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок, яъне қарзҳои дорои фоизи паст, сахт вобастаанд. Дар Ӯзбекистон бошад, қарзи хориҷӣ тақрибан ба таври баробар миёни бахши давлатӣ ва ширкатҳо тақсим шудааст.

Бар асоси охирин омори дастрас аз мақомоти миллӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар аввали соли 2026 ба ҳудуди 275 миллиард доллар наздик шудааст. Туркманистон ба ин ҳисоб дохил нашудааст, зеро ин кишвар омори расмӣ ва мукаммали қарзи хориҷии худро, ки имкон диҳад бо кишварҳои дигари минтақа мустақиман муқоиса шавад, нашр намекунад.

Ин рақам ҳисобу китоби тахминӣ бар асоси маълумоти омории кишварҳои алоҳида мебошад ва аз ҷониби як ниҳоди ягонаи минтақавӣ ҷамъоварӣ нашудааст. Илова бар ин, кишварҳо маълумоти қарзии худро дар муҳлатҳои гуногун ва бо истифода аз усулҳои мухталифи таснифот нашр мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми муқоисаи мустақими ин рақамҳо бояд эҳтиёткор буд.

Қарзи умумии хориҷӣ уҳдадориҳои давлатҳо, бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои хусусӣ ва дар баъзе кишварҳо ширкатҳои маҳаллии марбут ба корпоратсияҳои бузурги хориҷиро дар бар мегирад, ки дар назди шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии ғайрирезидент уҳдадорӣ доранд. Аммо қарзи хориҷии давлатӣ мафҳуми маҳдудтар аст. Он танҳо уҳдадориҳоеро дар бар мегирад, ки давлат мустақиман баргардонидан ё кафолат додани онҳоро ба уҳда гирифтааст. Дар ин миён, Чин ҳамоно яке аз қарздиҳандагони асосии дуҷониба, бахусус барои Қирғизистон ва Тоҷикистон, боқӣ мемонад. Ҳамзамон, ниҳодҳои бисёрҷонибаи молиявӣ қисми зиёди маблағгузории инфрасохтор ва бахши давлатиро дар минтақа таъмин мекунанд.

Қирғизистон; афзоиши қарзҳо дар пасманзари гуногун шудани қарздиҳандагон

Қарзи давлатии Қирғизистон ҳамзамон бо афзоиши хароҷот барои инфрасохтор ва қарзгирии дохилӣ рӯ ба афзоиш дорад. Аммо доираи қарздиҳандагони ин кишвар низ гуногунтар шудааст. Ҳоло ҳиссаи камтари қарзҳои Қирғизистон ба як қарздиҳандаи дуҷонибаи мушаххас рост меояд. Дар муқобил, маблағгузории бисёрҷониба ва бозори дохилии коғазҳои қиматнок аҳамияти бештар пайдо кардаанд. Тибқи маълумоти Вазорати молияи Қирғизистон, қарзи умумии давлатии ин кишвар то 31-уми майи соли 2026 тақрибан 8,94 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин маблағ тақрибан 6,1 миллиард доллар қарзи хориҷӣ будааст. Масъалаи қарз ба бахше аз барномаи иқтисодии Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, низ табдил ёфтааст.

Содир Ҷабборов дар мусоҳиба бо хабаргузории миллии «Кабар», ки 8-уми октябри соли 2025 нашр шуд, гуфт, ки ҳукумати ӯ ба гирифтани қарз идома медиҳад. Аммо ӯ таъкид кард, ки қарзҳои нав ба лоиҳаҳои тиҷоратӣ равона мешаванд ва интизор меравад, ки ин лоиҳаҳо хароҷоти маблағгузории худро худ ҷуброн кунанд ва бори иловагӣ бар буҷети давлатӣ нагузоранд. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Қирғизистон ният дорад қарзҳои кӯҳнаи худро то соли 2035 пурра пардохт кунад. Сандуқи байналмилалии пул низ дар арзёбии худ дар соли 2026 гуфт, ки Қирғизистон барои чорумин соли пайдарпай рушди қавии иқтисодиро ба қайд гирифтааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин вазъ ба мақомоти кишвар имконият медиҳад, ки захираҳои молиявии худро тақвият дода, ислоҳоти сохториро суръат бахшанд. Бо вуҷуди ин, Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор додааст, ки дурнамои иқтисодӣ ҳамоно ба хатарҳои ҷиддии коҳишёбанда рӯбарӯ аст.

Қазоқистон: кӯҳи қарзи хориҷӣ, аммо бо сохтори дигар

Қазоқистон бузургтарин ҳиссаи қарзи хориҷиро дар Осиёи Марказӣ дорад. Аммо рақами бузурги қарзи умумӣ метавонад тасаввуроти нодуруст дар бораи вазъи воқеии кишвар ба вуҷуд орад. Бар хилофи бисёре аз кишварҳои ҳамсоя, қисми асосии уҳдадориҳои хориҷии Қазоқистон на ба қарзҳои мустақими давлатӣ, балки ба қарзгирии ширкатҳо ва қарзҳои дохиликорпоративӣ вобаста аст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Қазоқистон, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ин кишвар то 1-уми апрели соли 2026 ба 182,8 миллиард доллар расидааст. Ин нишондиҳанда дар семоҳаи аввали сол тақрибан 900 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Бонки миллии Қазоқистон қарзи хориҷиро маҷмуи ҳамаи уҳдадориҳои пардохтнашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муқими Қазоқистон дар назди ғайрирезидентҳо таъриф мекунад. Ба ин нишондиҳанда қарзҳои давлат, Бонки марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои хусусӣ ва инчунин, қарзҳои дохиликорпоративии миёни ширкатҳои хориҷӣ ва филиалҳои онҳо дар Қазоқистон дохил мешаванд. Қисми назарраси ин уҳдадориҳо мустақиман бо сармоягузории хориҷӣ дар соҳаҳои стратегии нафту газ ва истихроҷи маъдан алоқаманд аст.

Дар ин соҳаҳо ширкатҳои бузурги байналмилалӣ аксар вақт фаъолияти худро дар Қазоқистон тавассути қарзҳое маблағгузорӣ мекунанд, ки аз ширкатҳои асосии худ дар хориҷ мегиранд. Мувофиқи стандартҳои байналмилалии оморӣ, чунин маблағҳо ҳамчун қарзи хориҷӣ сабт мешаванд. Аммо маъмулан онҳо аз ҳисоби даромади худи ширкатҳо пардохт мешаванд, на аз буҷети давлатии Қазоқистон. Аз ин рӯ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Қазоқистон андозаи уҳдадориҳои мустақими давлатро хеле бештар аз воқеият нишон медиҳад. Сабаб ин аст, ки қисми бузурги қарзҳо дар тавозунномаи ширкатҳо ҷой дорад, на дар тавозунномаи давлат. Албатта, чунин сохтори қарз низ осебпазирии худро дорад.

Коҳиши нархи ҷаҳонии молҳои хом, сахттар шудани шароити маблағгузорӣ дар бозорҳои байналмилалӣ ё маҳдуд шудани дастрасӣ ба сармояи хориҷӣ метавонад қобилияти ширкатҳои бузургро барои бозмаблағгузории қарзҳояшон коҳиш диҳад. Ин вазъ метавонад ба сармоягузорӣ, содирот ва суботи умумии молиявии кишвар таъсири мустақим расонад.

Ӯзбекистон; ширкатҳо дар сафи пеши қарзгирии хориҷӣ

Ӯзбекистон ҳоло дуюмин қарзгирандаи бузурги хориҷӣ дар минтақа ба шумор меравад. Рушди босуръати иқтисодӣ ва сармоягузориҳои васеъ ба инфрасохтор талаботро ба ҷалби маблағҳои хориҷӣ ба таври назаррас афзоиш додааст. Тибқи маълумоти Бонки марказии Ӯзбекистон, қарзи умумии хориҷии кишвар дар охири семоҳаи аввали соли 2026 ба 82,2 миллиард доллар расидааст. Аз ин маблағ 40,5 миллиард доллар қарзи хориҷии давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, қарзи хориҷии бахши корпоративӣ 41,7 миллиард долларро ташкил додааст. Ин рақамҳо тағйири тадриҷии модели маблағгузории Ӯзбекистонро нишон медиҳанд.

Давлат ҳамоно барои рушди инфрасохтор ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ маблағҳои байналмилалӣ ҷалб мекунад. Аммо бонкҳо, ширкатҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ низ ҳиссаи хеле бештари қарзгириро барои маблағгузории лоиҳаҳои рушди худ ба уҳда гирифтаанд. Афзоиши ҳиссаи қарзи корпоративӣ худ ба худ маънои онро надорад, ки давлат мустақиман барои ин қарзҳо масъул аст. Бо вуҷуди ин, қарзгирии ширкатҳои таҳти назорати давлат ва низоми бонкӣ метавонад хатарҳои эҳтимолӣ ба вуҷуд орад. Хусусан дар ҳолате, ки ин ширкатҳо натавонанд уҳдадориҳои худро бидуни кумаки давлат иҷро кунанд.

Сандуқи байналмилалии пул дар арзёбии худ гуфтааст, ки иқтисоди Ӯзбекистон ҳамоно фаъолияти қавӣ нишон медиҳад ва хатари буҳрони қарзи хориҷии кишварро «паст» арзёбӣ кардааст. Бо вуҷуди ин, ин ниҳод ба зарурати назорати дақиқтари ширкатҳои давлатӣ, лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар уҳдадориҳои эҳтимолии давлат таъкид кардааст.

Тоҷикистон: қарзи камтар, аммо осебпазирии бештар

Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои ҳаҷми нисбатан ками қарзи хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аммо заминаи маҳдуди содиротӣ ва дастрасии маҳдуд ба сармояи хусусӣ ин кишварро дар баробари фишори пардохти қарзҳо осебпазиртар кардааст.

Тибқи маълумоти байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ, қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон дар охири соли 2024 — охирин соли дорои маълумоти қобили муқоисаи байналмилалӣ — тақрибан 4,1 миллиард долларро ташкил медод. Қисми зиёди маблағгузории хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби қарздиҳандагони расмӣ ва давлатӣ таъмин мешавад.

Ниҳодҳои бисёрҷониба қисми асосии маблағгузории сармоягузориҳои давлатии кишварро таъмин мекунанд. Дар баробари ин, қарздиҳандагони дуҷониба, аз ҷумла Чин, аз сармоягузорони асосии лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Сандуқи байналмилалии пул дар охирин арзёбии худ оид ба устувории қарзи Тоҷикистон ба хулоса расидааст, ки гарчанде қарзи давлатӣ дар маҷмуъ устувор боқӣ мемонад, кишвар ҳамоно бо хатари баланди буҳрони қарзи хориҷӣ рӯбарӯ аст. Ин арзёбӣ бар пешбиниҳое асос ёфтааст, ки нишон медиҳанд пардохти қарзҳои хориҷии давлатӣ ва қарзҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда метавонад дар солҳои 2025 то 2027 қисми ғайримутаносибан зиёди даромадҳои содиротии кишварро ба худ ҷалб кунад.

Сифати қарз: нишондиҳандаи муҳимтар аз ҳаҷми қарзгирӣ

Тафовути сохтори қарз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки чаро танҳо ба рақамҳои умумии қарз нигоҳ кардан метавонад тасаввуроти нодуруст ба вуҷуд орад. Уҳдадориҳои хориҷии Қазоқистон асосан хусусияти корпоративӣ ва ғайридавлатӣ доранд. Дар ҳамин ҳол, иқтисоди Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳанӯз сахт ба маблағгузории давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок вобастаанд.

Сохтори қарзии Ӯзбекистон бошад, дар миёни ин ду модел қарор дорад. Дар оянда устувории қарзи кишварҳои минтақа на танҳо аз ҳаҷми умумии қарз, балки бештар аз қобилияти онҳо барои ба даст овардани даромади кофии асъорӣ вобаста хоҳад буд. Саволи асосӣ ин аст, ки оё ин кишварҳо метавонанд аз содирот маблағи кофӣ ба даст оранд, то уҳдадориҳои хориҷии худро иҷро ва қарзҳояшонро пардохт кунанд ё не.

Азбаски қисми зиёди қарзҳои хориҷӣ бо асъори хориҷӣ гирифта мешаванд, барои арзёбии хавф бояд ба чанд масъала таваҷҷуҳ кард: кӣ қарз мегирад, бо кадом шартҳо қарз мегирад ва маблағи қарзгирифташуда то чӣ андоза метавонад даромади содиротӣ ба вуҷуд оварад.

Дар ниҳоят, масъала танҳо ҳаҷми қарз нест. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки қарз ба кадом соҳа равона мешавад, чӣ гуна бозпас пардохта мешавад ва оё сармоягузории аз ҳисоби он маблағгузоришуда метавонад даромади кофӣ барои иҷрои уҳдадориҳо ба вуҷуд оварад. Дар сурати набудани чунин даромад, қарз метавонад ба ҷои муҳаррики рушди иқтисодӣ ба манбаи фишори молиявӣ ва ҳатто хатари буҳрони қарзӣ табдил ёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.