27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
18.08.2026 09:43

Кишварҳои Осиёи Марказӣ вобастагии энергетикӣ аз Русияро коҳиш медиҳанд

Ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия ва коҳиши содироти маҳсулоти нафтӣ ба тағйирот дар бозори энергетикии Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд. Бархе кишварҳои минтақа талош доранд манбаъҳои таъминоти сӯзишвориро гуногун кунанд ва вобастагии худро аз Русия коҳиш диҳанд.

Ба навиштаи “Евразия нет” (Eurasianet), маҳдуд шудани содироти сӯзишворӣ аз Русия барои кишварҳое, ки солҳои зиёд ба маҳсулоти нафтии ин кишвар такя мекарданд, зарурати пайдо кардани роҳҳои алтернативиро бештар кардааст.

Қирғизистон ба ҷустуҷӯи манбаъҳои нав рафт

То соли ҷорӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон қисми зиёди сӯзишвории худро аз Русия ворид мекарданд. Аммо дар охири моҳи июл Маскав ба Бишкек барои то охири сол танҳо тақрибан нисфи ҳаҷми дархостшудаи сӯзишвориро пешниҳод кардааст. Ин миқдор тақрибан 100 ҳазор тонна дар як моҳ арзёбӣ мешавад.

Қирғизистон дар ҷавоб бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои таъмини сӯзишворӣ ба созиш расида, ҳамзамон аз Беларус ва Чин низ маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад. Бишкек бо Туркия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ дар ин масъала музокира дорад.

Дар баробари ин, Қирғизистон сохтмони корхонаи коркарди нафтро суръат бахшидааст. Иқтидори тарҳрезишудаи он 450 ҳазор тонна дар як сол буда, эҳтимол дорад корхона то охири соли 2026 ба фаъолият оғоз кунад. Дар ин сурат он метавонад тақрибан чоряки талаботи солонаи кишварро таъмин намояд.

Тоҷикистон воридоти алтернативиро зиёд кард

Тоҷикистон низ ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ аз кишварҳои дигари минтақа зиёд кардааст.

Тибқи маълумоти овардашуда, моҳи июл воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон се баробар афзоиш ёфта, ба 34 ҳазор тонна расидааст. Ҳамзамон, ҳаҷми воридоти бензин аз Русия тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳайат ба Эрон сафар намуда, масъалаи интиқоли нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор дод. Ҷонибҳо ба ташкили ҳайати корӣ, таҳқиқоти коршиносӣ ва таҳияи лоиҳаи созишномаи умумӣ ба созиш расиданд. Тоҷикистон бо ҳимояти Чин як корхонаи бузурги коркарди нафтро ифтитоҳ кард ва бар асоси барнома он бо ворид кардани нафти хом аз кишварҳои содиркунандаи нафт иқтидори истеҳсоли сӯзишвории Тоҷикистонро пурра хоҳад кард.

Ӯзбекистон истеҳсолро зиёд мекунад

Ӯзбекистон нисбат ба Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯзишвории Русия камтар вобаста аст. Истеҳсоли дохилии маҳсулоти нафтӣ дар кишвар то 100 ҳазор тонна дар як моҳ мерасад ва тақрибан 60 дарсади талаботи дохилиро таъмин мекунад.

Бо вуҷуди ин, Тошканд барои боқимондаи талабот манбаъҳои нав меҷӯяд. Аз ҷумла, имкони воридот аз Гурҷистон, Ироқ ва дигар кишварҳо баррасӣ мешавад.

Ӯзбекистон ҳамзамон корҳои ҷустуҷӯии геологиро тақвият медиҳад. Дар ин замина, кишвар қасд дорад бо ширкати амрикоии “SLB”, ки қаблан бо номи “Schlumberger” маъруф буд, маркази коркарди маълумоти сейсмикӣ таъсис диҳад.

Афзоиши босуръати талабот ба сӯзишвории ҳавопаймоӣ низ барои Тошканд мушкили нав шудааст. Афзоиши парвозҳои транзитӣ дар шароити таҳримҳо алайҳи Русия талабот ба ин навъи сӯзишвориро боло бурдааст.

Қазоқистон ва Туркманистон мавқеи устувортар доранд

Қазоқистон ва Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳои минтақа мебошанд, ки ниёзҳои худро ба маҳсулоти нафтӣ асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин мекунанд ва ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя содирот доранд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар ҷанг дар Украина идома ёбад ва маҳдудиятҳо дар содироти сӯзишвории Русия дарозмуддат шаванд, занҷирҳои нави таъминот дар Осиёи Марказӣ метавонанд устувортар шаванд.

Ин раванд эҳтимол дорад мавқеи Русияро дар бозори анъанавии сӯзишвории минтақа тадриҷан коҳиш диҳад.

Ҳамзамон, музокироти эҳтимолии Маскав бо Остона дар бораи коркарди нафти Русия дар корхонаҳои Қазоқистон низ метавонад аз мушкилоти соҳаи коркарди нафт дар Русия дарак диҳад. Тибқи гузоришҳо, чунин тарҳ метавонад ба ҳифзи маҳсулоти нафтӣ аз ҳамлаҳо мусоидат кунад, аммо дар айни замон даромади Русияро коҳиш хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.