Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад”. Паёми табрикии Сарвари давлат ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Имрӯз, 18-уми август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустиро ба муносибати ҷашни касбиашон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрик гуфтанд.
“Интихоби зодрӯзи донишманди бузургу фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҷашни касбии шумо нишонаи возеҳи арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба заҳмати содиқонаву софдилонаи кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷоти ҳаёти инсон мебошад”, - баён доштаанд Пешвои миллат.
Дар паёми табрикии Президенти кишвар омадааст, ки табиб шахсияти соҳибкасбест, ки тамоми донишу таҷриба ва неруи зеҳнии худро барои ҳифзи саломатии мардум ва таҳкими солимии ҷомеа бахшидааст. Аз ин рӯ, касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
“Шумо намояндагони касбе мебошед, ки бо умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад. Ҳар як шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад. Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар як беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар як табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд”, - қайд намудаанд Сарвари давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”