Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Роналдо: “Мехоҳам футболи касбиро бо мероси бузург тарк кунам”
Кристиан Роналдо, бозигари тими мунтахаби Португалия ва футболбози машҳури ҷаҳонӣ дар мусоҳиба бо маҷаллаи “Vogue” гуфт, ки имсол мехоҳад футболи касбиро бо мероси бузург тарк кунад.
«Эҳтимол, ин соли охирини футболи ман бошад ва ман мехоҳам мероси бошукӯҳе аз худ боқӣ гузорам», — гуфт Роналдо. Ӯ афзуд, ки барои зиндагии баъди футбол нақшаҳои зиёд дорад.
«Ман ояндаамро пурра тарҳрезӣ кардаам. Чизҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд маро машғул нигоҳ доранд ва агар хоҳам танҳо як чизро ном барам, душвор аст. Зеро баъди футбол дар зиндагӣ метавонад як холигии бузург пайдо шавад ва онро бояд бо корҳои гуногун пур кард, на танҳо бо як чиз», — таъкид кард Роналдо.
Роналдо ҳамчунин, гуфт, ки мехоҳад вақти бештар барои сафар, тамошо ва бозии падел — варзише, ки ба ӯ хеле писанд аст ҷудо кунад ва аз дастовардҳои солҳои фаъолияти худ лаззат барад.
«Баъд аз ҳама, 25 сол бо қурбониҳои зиёд сипарӣ шуд», — илова кард ӯ.
Роналдо, ки яке аз бузургтарин футболбозони таърих маҳсуб мешавад, ҳоло дар ҳайати клуби “Ал-Наср” дар Лигаи касбии Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.
Роналдо ба наздикӣ дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳида барои бори шашум - рекорди баробар ба натиҷаи беҳтарин дар таърихи мусобиқа — иштирок кард. Аммо Португалия дар даври 1/8-финалӣ аз Испания, ки дар ниҳоят қаҳрамони ҷаҳон шуд, мағлуб гардид.
Пеш аз бозӣ бо Испания Роналдо гуфта буд, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 охирин иштироки ӯ дар ин мусобиқа хоҳад буд.
«Бале, ин охирин бозии ман аст. Биёед биравем ва аз он лаззат барем», — гуфта буд ӯ дар нишасти хабарӣ пеш аз бозии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”