Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Агрегати сеюми НБО-и Роғун соли 2027 ба кор дароварда мешавад
Агрегати сеюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли 2027 ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин бора таҳлилгарони агентии байналмилалии рейтингии «S&P Global Ratings» хабар додаанд.
Ба гуфтаи онҳо, ба кор даромадани агрегати сеюм ва беҳтар шудани имкони танзими сатҳи об дар нерӯгоҳҳои поёноб метавонад иқтидори истеҳсоли нерӯи барқро дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш диҳад.
«S&P Global Ratings» мегӯяд, ин тағйирот метавонад ба таъмини устувори истеҳсоли барқ дар тамоми фаслҳои сол мусоидат карда, баъзе мушкилоти сохтории марбут ба эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро коҳиш диҳад.
Сохтмони НБО-и Роғун аввал дар замони ҳукумати Шӯравӣ ва баъд дар соли 2016 расман оғоз гардида буд. Тибқи маълумоти “S&P”, барои сохтмони ду агрегати аввали нерӯгоҳ беш аз 3 миллиард доллар маблағ ҷудо шудааст.
Арзиши умумии анҷоми сохтмони НБО-и Роғун то соли 2035 тақрибан 5,8 миллиард доллар ҳисоб мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо як консорсиуми шарикони бисёрҷониба ва дуҷонибаи рушд дар бораи маблағгузорӣ ба мувофиқа расидааст. Ин маблағгузорӣ тақрибан нисфи хароҷоти боқимондаро фаро мегирад. Қисми дигар бояд аз буҷети давлатӣ ва даромадҳои худи лоиҳа таъмин шавад.
Пас аз пурра ба истифода додани нерӯгоҳ, иқтидори тавлиди барқ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи пешбиниҳои зикршуда, тақрибан 60 дарсади нерӯи барқи истеҳсолшуда метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир шавад.
НБО-и Роғун дар рӯдхонаи Вахш ҷойгир буда, яке аз бахшҳои муҳимми силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш ба шумор меравад. Нерӯгоҳ аз шаш агрегат иборат хоҳад буд, ки ҳар кадоми онҳо иқтидори 600 мегаватт доранд.
Баландии сарбанди Роғун ба 335 метр мерасад. Дар сурати анҷоми лоиҳа, он баландтарин сарбанди бо сангреза бунёдшуда дар ҷаҳон хоҳад буд.
Айни замон дар нерӯгоҳ ду агрегат фаъол аст. Агрегати аввал 9-уми сентябри соли 2018 ва агрегати дуюм соли 2019 ба кор дароварда шуданд.
Лоиҳаи Роғун бо маблағгузории муштараки консорсиуми иборат аз 12 шарики байналмилалии рушд ва таҳти роҳбарии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”