Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Минск ва Теҳрон созишномаи шарикии стратегиро имзо мекунанд
Белорусия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадафи таҳия ва имзои созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро доранд. Дар ин хусус Игор Сергеенко, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорусия рӯзи 17-уми август зимни мулоқот бо Ализода Саноӣ, сафири фавқулода ва мухтори Эрон хабар дод.
Ӯ гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин, барои таҳияи “Харитаи роҳ”-и ҳамкориҳои ҳамаҷониба барои солҳои 2027–2031 кор мекунанд.
Игор Сергеенко гуфт, ки вакилони парлумон дар омода кардани ин санадҳо фаъолона иштирок доранд ва аз имкониятҳои дипломатияи парламентӣ истифода мебаранд.
Белорусия дар солҳои охир таҳти таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор дорад. Минск барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ тақвият медиҳад.
Созишномаи нави эҳтимолӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои дарозмуддати Белорусия ва Эрон дар бахшҳои гуногун мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”