Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷумъахон Фотеҳ ба Толибон таслим шуд ва ба Файзобод интиқол ёфт
Ҷумъахон Фотеҳ, ҳамроҳ бо чанд тан аз фармондеҳонаш, имрӯз ба гурӯҳи терррористии Толибон таслим шуда ва ба Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, интиқол дода шудааст.
Манобеъ рӯзи душанбе, 17-уми август дар суҳбат бо расонаи “8-и субҳ” тасдиқ кардаанд, ки Ҷумъахон Фотеҳ ҳамроҳ бо ҷангҷӯёнаш бо номҳои Ҷумъа, Ёсин, Мусо, Фаттоҳ ва Муваҳҳид ва чанд нафари дигар ба Толибон таслим шудаанд.
Манобеъ меафзоянд, ки то ҳол маълум нест ин афрод пас аз интиқол ба Файзобод ба куҷо бурда хоҳанд шуд ва сарнавишти онҳо низ рӯшан нест.
То кунун Толибон дар бораи таслим шудан ва интиқоли ин афрод ҷузъиёте пешниҳод накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки манобеи маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон рӯзи гузашта гуфта буданд, қарор аст Ҷумъахон Фотеҳ ва Фасиҳуддин Фитрат, раиси ситоди артиши Толибон, дар деҳаи Хӯғз бо ҳам дидору гуфтугӯ кунанд, то дар бораи поёни даргириҳои ахир ба тавофуқ бирасанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”