Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Гург дар либоси қонун: Анвари тоҷик, роҳбари мафияи ҷиноятӣ ба 24 сол зиндон маҳкум шуд
Чӣ гуна як корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар атрофи Маскав раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ шуд.
Додгоҳи вилояти Маскав Лутфулло Муҳамадиев, маъруф ба “Анвар” дар доираҳои ҷиноиро ба 24 соли зиндон дар колонияи низоми сахт маҳкум кард. Додгоҳ ҳамчунин, се шарики ӯ - Фарҳод Зиёдуллоев, Абдулваҳҳоб Ҷангибеков ва Акбар Фарҳадовро гунаҳкор донист. Онҳо дар бандитизм, куштор, тамаъҷӯӣ, ғоратгарӣ ва муомилоти ғайриқонунии силоҳ муттаҳам ва гунаҳкор дониста шуданд.
Ҳукм бар чӣ асос буд?
Додгоҳи вилояти Маскав ҳукмро дар асоси қарори ҳайати ҳакамон содир кард. Ҳакамон ҳамаи чор муттаҳамро гунаҳкор донистанд. Вобаста ба нақши ҳар яке аз онҳо, суд онҳоро дар узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ, куштор, тамаъҷӯӣ, ғоратгарӣ ва муомилоти ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор эълон кард. Додситон барои Лутфулло Муҳамадиев 24 сол, барои Фарҳод Зиёдуллоев 19 сол, барои Абдулваҳҳоб Ҷангибеков 14 сол ва барои Акбар Фарҳодов 21 соли зиндонро талаб карда буд.
Ҳар чаҳор нафар бояд ҷазояшонро дар колонияҳои низоми сахт адо кунанд.
Аз корманди амниятӣ то раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ
Бино ба маълумоти манбаъҳои нашрияи “Известия”, Лутфулло Муҳамадиев, ки ҳоло 53-сола аст, қаблан корманди оперативии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон будааст. Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум бо сабабҳои вобаста ба обрӯ ва фаъолияти хизматӣ аз мақоми худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барканор шудааст. Лутфулло Муҳамадиев зодаи Душанбе буда, таҳсилоти олии нотамом доштааст. Ӯ қаблан низ маҳкум шудааст ва дар Русия бидуни бақайдгирии расмӣ зиндагӣ мекардааст. Ҳамзамон, ҷойи бақайдгирии доимии ӯ дар Душанбе, дар кӯчаи Қарабоев, 24/4 будааст.
Тибқи маводи парванда, аз миёни аъзои гурӯҳ танҳо Акбар Фарҳадов дар Русия бақайдгирии расмӣ доштааст. Ӯ дар шаҳри Фрязинои вилояти Маскав зиндагӣ мекардааст. Дигар аъзои гурӯҳ чанд сол бе бақайдгирӣ зиндагӣ карда, дар ин муддат таваҷҷуҳи полисро ба худ ҷалб накардаанд.
Гурӯҳ дар атрофи Маскав фаъолият мекард ва асосан аз зодагони Душанбе иборат будааст.
Мувофиқи маводи парванда, аъзои он бо усулҳои маъмули гурӯҳҳои ҷиноии солҳои 1990 фаъолият мекарданд: ба соҳибкорон ҳамла карда, молу мулки онҳоро аз худ мекарданд, аз ширкатҳои тиҷоратӣ бо роҳи таҳдид маблағ меситонданд ва ба баъзе соҳибкорон дар ивази пул “ҳимоя” пешниҳод мекарданд.
Ҳамаи аъзои гурӯҳ қаблан маҳкум шуда буданд, силоҳи оташфишон доштанд, қоидаҳои махфиятро риоя мекарданд ва ба Анвар бечунучаро итоат менамуданд.
Тибқи маводи тафтишот, Муҳамадиев шахсан қарорҳои калидиро қабул карда, нақшаи ҷиноятҳоро таҳия ва вазифаҳоро байни зердастонаш тақсим мекард. Ӯ ҳамчунин, дар баъзе ҳамлаҳо мустақиман иштирок кардааст.
Куштори соҳибкори тоҷик
Яке аз ҷиноятҳои асосии исботшуда ба соли 2014 марбут аст.
Он вақт Анвар қарор кард, ки соҳибкори маъруфи тоҷик Шӯҳрат Яхшимуродов, маъруф ба Шухаро кушад. Яхшимуродов қаблан муовини президенти “Тоҷ-Ал” - яке аз ширкатҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷ ва коркарди нафту металлҳои ранга будааст.
Ба гуфтаи тафтишот, Муҳамадиев Яхшимуродовро дар даст доштани куштори яке аз наздиконаш гумонбар медонист. Гурӯҳ тасмим гирифт соҳибкорро дар назди хонааш дар маҳаллаи Развилки ноҳияи Ленини вилояти Маскав ба қатл расонад. Рӯзи 22-уми апрел Муҳамадиев ҳамроҳ бо ду узви гурӯҳ — Зиёдуллоев ва Фарҳадов — бо ду мошин ба назди хонаи соҳибкор рафтанд.
Муҳамадиев ва Фарҳадов дар курсии қафои мошини “Шевроле Авео” нишаста, хонаро назорат мекарданд. Зиёдуллоев бошад, дар паси рули “Ренҷ Ровер” қарор дошт ва бояд дар сурати пайдо шудани хатар ҳамроҳонашро огоҳ мекард.
Тақрибан соати 19:25 Яхшимуродов ба назди хонааш расид. Ҳангоми кушодани дари қафои мошинаш Анвар ба ӯ наздик шуда, чанд маротиба аз масофаи наздик тир холӣ кард. Се тир ба соҳибкор расид. Бар асари ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла осеби сутунмӯҳра, ҳароммағз, шуш ва рӯдаҳо — Яхшимуродов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҳамлагарон ба “Ренҷ Ровер”, ки онҳоро интизор буд, нишаста, аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.
Тамаъҷӯӣ аз соҳибкори дигар
Шоми 27-уми декабри соли 2016 Муҳамадиев ва Ҷангибеков ба соҳибкори дигар — Нормуродов ҳамла карданд. Онҳо аз ӯ талаб карданд, ки микроавтобуси “Ҳондай Старекс” ва 300 ҳазор рублро ба онҳо диҳад. Бо дастури Анвар Ҷангибеков ба соҳибкор занг зада, бо баҳонаи ҳалли баҳс бо шарики тиҷоратиаш ӯро ба мулоқот дар ҳудуди як пойгоҳи меваю сабзавот дар Сигналний проезд даъват кард. Пас аз суҳбати кӯтоҳ ҷинояткорон Нормуродовро ба мошини “ВАЗ-21140” савор карда, ба қаҳвахонае дар кӯчаи Декабристҳо бурданд. Онҳо бо таҳдиди силоҳ аз ӯ калиди микроавтобус ва маблағро талаб карданд. Соҳибкор маҷбур шуд талаботи онҳоро иҷро кунад.
Боздошти раҳбари гурӯҳ
Гурӯҳ то моҳи июни соли 2017 фаъолият кард. Дар ҳамин моҳ раҳбари он дар ноҳияи Вязники вилояти Владимир боздошт шуд. Кормандони Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Русия амалиёти боздоштро бо дастгирии неруҳои махсус анҷом доданд. Нигаронии мақомоти амниятӣ тасдиқ шуд: ҳангоми боздошт аз Анвар норинҷак ёфт шуд. Аммо ӯ ба далели суръати баланди амалиёт фурсат наёфт аз он истифода кунад.
Ҷиноятҳои дигаре, ки исбот нашуданд
Ба гуфтаи манбаъҳои “Известия”, тибқи маълумоти оперативӣ, Анвар ва ҳамроҳонаш эҳтимолан дар ҷиноятҳои дигар низ даст доштаанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи чанд куштори фармоишӣ ва низоъҳои байни гурӯҳҳои ҷиноӣ меравад. Ба гуфтаи манбаъҳо, гурӯҳ кӯшиш мекард назорати бозорҳои бузург ва тиҷорати марбут ба қабристонҳоро ба даст гирад. Аммо тафтишот натавонист ин эпизодҳоро тасдиқ кунад.
Манбаъҳо инро, аз ҷумла, ба мушкилоти таҳқиқи ҷиноятҳое рабт медиҳанд, ки гурӯҳҳои муташаккил содир мекунанд. Омили дигар, ба гуфтаи онҳо, омодагии нокифояи ҷабрдидагон барои додани шаҳодат будааст, зеро онҳо аз амнияти худ ва наздиконашон метарсиданд.
Мусоҳибони “Известия” мегӯянд, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ мутахассисоне, ки ба мубориза бо чунин гурӯҳҳо машғуланд, каманд. Ба гуфтаи онҳо, то замоне ки воҳиди махсус барои мубориза бо чунин гурӯҳҳо таъсис дода нашавад, натиҷаҳои ин кор маҳдуд боқӣ хоҳанд монд.
Манбаъҳои нашрия таъкид мекунанд, ки шумораи ҷиноятҳое, ки эҳтимолан Анвар ва ҳамроҳонаш содир кардаанд, метавонад хеле бештар бошад. Аммо тафтишот танҳо он ҳолатҳоеро дар парванда нигоҳ дошт, ки барои исботи онҳо далелҳои қавӣ ҷамъоварӣ шуда буданд, то муттаҳам натавонад аз ҷавобгарӣ фирор кунад.
Ба гуфтаи манбаъҳо, ҳамин миқдор далел барои маҳкум кардани ӯ кофӣ будааст.
Натиҷаҳо ҳанӯз каманд
Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия, ки чанд сол боз масъалаи ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷиронро пайгирӣ мекунад, ба “Известия” гуфтааст, ки на аз ҳукм ва на аз ҷузъиёти ин парванда ҳайрон нест. Ба гуфтаи ӯ, ҷинояткорӣ танҳо яке аз мушкилоти марбут ба вуруди муҳоҷирон аст, аммо маҳз масъалаи ҷинояткорӣ барои аҳолӣ ҳассосияти бештар дорад. Матвеев бар ин назар аст, ки ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ мубориза бо чунин ҷиноятҳоро пурзӯр мекунад, то ҳол натиҷаҳои назаррас зиёд нестанд. Ба гуфтаи ӯ, омори ҳуқуқвайронкуниҳо дар миёни муҳоҷирон ба ӯ танҳо бо нишони “барои истифодаи хизматӣ” пешниҳод мешавад. Аммо ҳиссаи ҷиноятҳои вазнин дар миёни онҳо ҳамоно баланд боқӣ мемонад.
Ҳамзамон, Матвеев ба мушкили дигар ишора мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бинобар низоми бидуни раводид, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амал мекунад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аксар вақт пеш аз вуруди муҳоҷирон ба кишвар дар бораи гузаштаи онҳо, аз ҷумла собиқаи судӣ, маълумоти кофии оперативӣ надоранд.
Ба гуфтаи вакил, ин мушкил то ҳол ҳал нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”