Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бадахшон дар гирдоби даргириҳо: ҷанг бо Толибон ба панҷ ноҳия расид
Даргириҳои мусаллаҳона миёни неруҳои Толибон ва гурӯҳҳои мухолифи ин ҳаракат рӯзи шанбе дар ҳадди ақал панҷ ноҳияи Бадахшон идома кард. Дар ҳоле ки манобеи маҳаллии Афғонистон аз густариши муқовимат ва ҳамла ба мавзеъҳои Толибон хабар медиҳанд, шумори талафот ва миқёси воқеии амалиёт ҳанӯз маълум нест.
Бадахшон рӯзи шанбе шоҳиди яке аз рӯзҳои пуртаниш дар моҳҳои ахир буд. Гузоришҳо аз даргириҳои шадид дар ноҳияҳои Моймай, Зебок, Нусай, Шикӣ ва шаҳри Файзобод, маркази вилоят, расидаанд. Бархе аз манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, ки садои тирпарронӣ то соатҳои шаб идома доштааст.
Аммо дар паси ин гузоришҳо як номуайянии муҳим боқӣ мемонад: ҳанӯз маълум нест, ки дар ин даргириҳо чанд нафар кушта ё захмӣ шудаанд ва то чӣ андоза гурӯҳҳои мухолиф тавонистаанд мавқеъҳои худро густариш диҳанд. Маълумоти мавҷуд то кунун аз ҷониби манобеи мустақил тасдиқ нашудааст.
Муқовимат дар Нусай
Дар ноҳияи Нусай, Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи мусаллаҳи маҳаллӣ, аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар муқобили неруҳои Толибон муқовимат мекунад.
Наздикони Фотеҳ мегӯянд, ки ӯ рӯзи панҷуми даргириҳо низ дар баробари ҳамлаҳои Толибон истодагарӣ кардааст ва қисме аз деҳаҳои ноҳия ҳамоно таҳти назорати неруҳои ӯ қарор дорад.
Мақоми воқеии неруҳои Фотеҳ ва андозаи қаламрави таҳти назорати онҳо мустақилона тасдиқ нашудааст.
Ҳамлаҳо дар Зебок
Ҷабҳаи озодии Афғонистон иддао кардааст, ки рӯзи шанбе дар ду нуқтаи ноҳияи Зебок - Тӯпхона ва Санглич бо неруҳои Толибон даргир шудааст.
Наворҳое, ки ба “Afghanistan International” расидаанд, лаҳзаи партоби миномёт аз ҷониби неруҳои ин ҷабҳа дар минтақаро нишон медиҳанд.
Ҷабҳаи озодӣ шоми ҳамон рӯз бо нашри баёнияе гуфт, ки як мошини низомии Толибонро дар Зебок ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, мошин баъд аз ҳамла ба дохили дара сарозер шудааст.
Тафсилоти ин ҳодиса ва талафоти эҳтимолии он то ҳол аз манбаи мустақил тасдиқ нашудааст.
“Дар Моймай мардум бар зидди Толибон шӯриш карданд”
Ҳамзамон бо даргириҳо дар Нусай ва Зебок, аз Моймай, Шикӣ ва Файзобод низ хабарҳои муқовимат ва ҳамла ба мавзеъҳои Толибон расидаанд.
Дар бораи ҳувияти ҳамлагарон дар ҳамаи ин мавридҳо маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.
Як манбаи маҳаллӣ ба “Afghanistan International” гуфтааст, ки дар баъзе аз ҳамлаҳо ҷавонони Бадахшон ширкат доштаанд, ки ба гуфтаи ӯ, “барои адолат” меҷанганд.
Манбаи дигар дар тавсифи вазъ дар Моймай гуфтааст: “Дар Маймай мардум бар зидди Толибон шӯриш карданд”.
Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ба посгоҳи Дуоба, дар ҳудуди Яфтали Боло ва вобаста ба шаҳри Файзобод, низ ҳамла шудааст. Дар пайи ин ҳамла даргирии тӯлонӣ ба амал омадааст ва бархе манобеъ гуфтаанд, ки садои тирпарронии пароканда ҳанӯз шунида мешавад.
Кӯшиши пароканда кардани неруҳои Толибон
Бархе манобеи маҳаллӣ мегӯянд, афроди наздик ба Ҷумъахон Фотеҳ дар баъзе аз ин минтақаҳо нуфуз доранд. Аз нигоҳи сиёсӣ низ Ҳизби Конгресси миллии Афғонистон дар миёни бахше аз ҷавонони ин минтақаҳо нуфуз дорад.
Яке аз раҳбарони ин ҳизб ба “Afghanistan International” гуфтааст, ки ҳамлаҳо ба Толибон дар чанд минтақа бо ду ҳадаф сурат гирифтаанд: пуштибонӣ аз ҷабҳаҳои Нусай таҳти раҳбарии Фотеҳ ва пароканда кардани тамаркузи неруҳои Толибон.
Дарвоз ҳамчун пойгоҳи асосии Ҷумъахон Фотеҳ шинохта мешаванд. Фотеҳ пеш аз оғози даргириҳо иддао карда буд, ки дар панҷ ноҳияи Дарвоз тақрибан се то сеюним ҳазор ҷангҷӯ дорад.
Ӯ инчунин, гуфтааст, ки шумори неруҳои вафодор ба ӯ дар саросари Афғонистон камтар аз 10 ҳазор нафар нест. Аммо ин рақамҳо то ҳол ба таври мустақил тасдиқ нашудаанд.
Толибон аз “унсурҳои шарир” мегӯяд
Толибон дар вокуниш ба афзоиши нооромиҳо гуфтааст, ки баъзе “унсурҳои шарир” мехоҳанд дар Бадахшон бесуботӣ эҷод кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи шанбе ҳамчунин, аз кушта шудани як зани ҷавони тоҷик дар ҷараёни ин даргириҳо изҳори таассуф кардааст. Аммо дар бораи шумори талафоти ғайринизомиёни Бадахшон ва ё талафоти неруҳои худу гурӯҳҳои мухолиф рақаме пешниҳод накардааст.
Нигаронӣ аз сарнавишти ғайринизомиён
Бо густариши даргириҳо, нигаронӣ аз амнияти аҳолии ғайринизомӣ низ афзоиш ёфтааст.
Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон — ЮНАМА гуфтааст, ки вазъи Бадахшонро аз наздик пайгирӣ мекунад, аммо то кунун маълумоти тасдиқшуда дар бораи вазъи ғайринизомиён дар минтақаҳои даргирӣ дар даст надорад. ЮНАМА рӯзи ҷумъа, дар посух ба пурсиши "Afghanistan International" гуфта буд, ки дар он марҳила маълумоти тасдиқшудае барои нашр надорад, вале вазъро таҳти назорат гирифтааст ва дар сурати дастрас шудани маълумоти боэътимод, онро навсозӣ хоҳад кард.
Дар Бадахшон ҳоло ҳам саволҳои калидӣ беҷавобанд: даргириҳо то чӣ андоза густурдаанд, кадом минтақаҳо воқеан таҳти назорати кадом тараф қарор доранд ва талафоти инсонӣ чӣ қадар аст. То замони дастрас шудани маълумоти мустақил, тасвири пурраи ҷанги нав дар ин вилояти кӯҳистонӣ ҳанӯз равшан нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”