Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рекорди UFC-ро нав кард. Ислом Махачев Иэн Гэрриро шикаст дод ва камарбанди қаҳрамониашро ҳимоя намуд
16-уми август дар Филаделфия мусобиқаи UFC 330 доир гашт, ки дар муҳорибаи асосии он чемпиони вазни ниммиёна Ислом Махачев бо довталаб Иэн Гэрри рақобат кард.
Рақобати Ислом Махачев ва Иэн Гэрри панҷ раунд давом ёфта, бо қарори якдилонаи доварон варзишгари доғистонӣ ғолиб омад ва бори нахуст камарбанди чемпиониро дар вазни ниммиёна ҳикоя намуд.
Ин ғалаба барои чемпиони вазни ниммиёнаи UFC Ислом Махачев аҳамияти махсус дорад, зеро ӯ дар таърихи UFC рекорди нав гузошт. То мусобиқаи UFC 330 Андерсон Силва 16 ғалабаи пайдарпай дошт, аммо Ислом Махачев ин рекордро нав кард ва шумораи ғалабаҳои давомдорашро ба 17 расонид.
“Рақобати мушкил буд. Иэн Гэрри хеле хуб омода шуда буд. Медонистам, ки мушкил мешавад, вале то ин андоза интизор набудам. Пеш аз ҳама ба худам исбот кардам, ки аз сонияҳои аввал то охирин лаҳза мубориза мебарам ва бо чӣ қиммате бошад, ғалаба мекунам”, - гуфт чемпион.
Ислом Махачев пас аз муҳориба гуфт, ки ҷароҳат набардоштааст ва ният дорад, ки ё охири декабри соли равон ва ё аввали январи соли оянда ба майдон баромад.
Ҳамчунин, чемпиони вазни ниммиёна иброз дошт, ки ҳоло ду довталаби асосӣ Карлос Пратес ва Майкл Моралес аст ва омодааст, ки бо онҳо муҳориба гузаронад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”