Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз ду миллион сомонӣ зарар расонидааст. Милитсия сокини пойтахтро бо гумони қаллобӣ дастгир кард
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти Ҳабибов Саъдихон, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Манбаъ навиштааст, ки номбурда дар натиҷаи баррасии шикоятҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки номбурда худро тиҷораткор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти доруворӣ ва дигар молу ашёи арзишмандро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Аз ҷумла, дар 7 ҳолати ошкоргардида, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ беш аз ду миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Ҳабибов С. маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”