26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:34, Душанбе
15.08.2026 19:27

Дар як сол 63 бор тӯфони чангу ғубор. Тоҷикистон аз он чӣ қадар зарар мебинад?

Бештар шудани шумори тӯфонҳои чангу ғубор ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Вале то ҳоло зарари воқеии иқтисодии ин падидаҳо пурра ҳисоб карда нашудааст.

Тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон солҳои охир бештар ва шадидтар шудаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист фақат дар соли 2025 дар кишвар 63 мавриди тӯфони чангу ғубор ба қайд гирифта шуда, давомнокии умумии онҳо ба 216 рӯз расидааст.

Агар дар аввали солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон дар як сол ҳамагӣ 2–3 чунин ҳодиса ба қайд гирифта мешуд, солҳои охир шумораи онҳо ба беш аз 35 маврид дар як сол расидааст. Яъне, дар давоми тақрибан се даҳсола басомади ин падида беш аз даҳ баробар афзоиш ёфтааст.

Тӯфонҳои чангу ғубор одатан мисли заминларза ё сел биноҳоро ба таври оммавӣ хароб намекунанд. Аз ин рӯ, зарари онҳо аксар вақт камтар ба назар мерасад. Аммо паёмадҳои иқтисодии онҳо дар бахшҳои гуногун ҷамъ шуда, метавонанд хеле назаррас бошанд.

Чангу ғубори зиёд, пеш аз ҳама, ба дамои ҳаво таъсир мерасонад. Он метавонад боиси асабонияти чашм, бинӣ ва гулӯ, сулфа ва душвории нафаскашӣ гардад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ ҳушдор медиҳад, ки таъсири чангу ғубор метавонад барои саломатии инсон, бахусус ҳангоми баланд шудани консентратсияи зарраҳои майда, хатарнок бошад.

Аз ҷониби дигар, чунин тӯфонҳо ба кишоварзӣ низ таъсир мерасонанд: эрозияи хокро зиёд карда, қабати ҳосилхези заминро коҳиш медиҳанд ва метавонанд боиси паст шудани ҳосилнокии зироатҳо шаванд.

Падидаҳои чангу ғубор, инчунин, метавонанд ҳаракати нақлиётро маҳдуд кунанд. Паст шудани сатҳи рушноӣ барои роҳҳои автомобилгард ва махсусан фаъолияти фурудгоҳҳо мушкил эҷод мекунад. Чангу ғубор метавонад боиси садамаи нақлиётӣ ва садамаи ҳавоӣ шуда, фаъолияти хатсайрҳои ҳавоиро боз дорад.

Дар ҳолатҳои шадид фаъолияти баъзе корхонаҳо ва хизматрасониҳо низ метавонад маҳдуд ё муваққатан қатъ шавад. Ҳамин тавр, зарар фақат бо хароҷоти тоза кардани ғубор маҳдуд намешавад: талафоти вақти корӣ, коҳиши маҳсулнокӣ, хароҷоти тиббӣ ва зарари кишоварзӣ низ бояд ба ҳисоб гирифта шаванд.

Яке аз мушкилоти асосӣ набудани маълумоти пурра дар бораи зарири иқтисодии тӯфонҳои чангу ғубор аст. Дар Тоҷикистон то ҳол механизми мукаммали ҳисоб кардани зарари чунин падидаҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисод вуҷуд надорад. Коршиносон қаблан низ таъкид карда буданд, ки маълумот дар бораи таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо нокифоя аст.

Дар Нақшаи миллии амал оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тӯфонҳои чангу рег дар Тоҷикистон барои солҳои 2022–2030 зарари пешакӣ аз ин падидаҳо беш аз 450 ҳазор доллар дар як сол арзёбӣ шудааст. Аммо ин рақам наметавонад тамоми зарари воқеиро инъикос кунад, зеро бисёре аз паёмадҳои ғайримустақим ҳанӯз ҳисоб нашудаанд.

Аз ин рӯ, иддаои он ки зарари воқеии иқтисодии Тоҷикистон метавонад ба даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион доллар расад, бештар як арзёбии эҳтимолӣ аст, на рақами расман тасдиқшуда.

Афзоиши тӯфонҳои чангу ғуборро коршиносон ба омилҳои иқлимӣ ва тағйирёбии истифодаи замин рабт медиҳанд. Хушксолӣ, таназзули замин, биёбоншавӣ ва тағйирёбии қабати растанӣ барои пайдоиш ва паҳншавии ғубор шароити мусоид фароҳам меоранд.

Ин масъала барои Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ғубор танҳо дар сатҳи замин намемонад. Зарраҳои чангу ғубор метавонанд ба минтақаҳои баландкӯҳ расида, дар сатҳи пиряхҳо ҷой гиранд.

Тибқи маълумоти охирин, дар соли 2025 дар Тоҷикистон 63 тӯфони чангу ғубор ба қайд гирифта шудааст ва 216 рӯзи сол бо чунин падидаҳо алоқаманд будааст. Мутахассисон ҳамчунин, аз таъсири ғубор ба пиряхҳо ва захираҳои обии кишвар нигаронанд.

Коршиносон зарурати тақвияти назорати метеорологӣ, беҳтар кардани пешгӯии тӯфонҳои чангу ғубор, таҳияи харитаҳои минтақаҳои осебпазир ва ҷамъоварии маълумоти дақиқ дар бораи зарари иқтисодиро таъкид мекунанд.

Ҳамзамон, барқарорсозии заминҳои аз истифод беруншуда, бунёди камарбандҳои муҳофизатии ҷангалӣ дар атрофи заминҳои кишоварзӣ ва истифодаи усулҳои устувори кишоварзӣ метавонанд таъсири эрозияи шамолиро коҳиш диҳанд.

То замоне ки ҳамаи ин таъсирҳо ба таври мунтазам ҳисоб карда нашаванд, гуфтан душвор аст, ки тӯфонҳои чангу ғубор ҳар сол ба иқтисоди Тоҷикистон дақиқ чанд сомонӣ ё чанд доллар зарар мерасонанд. Аммо як чиз равшан аст: ин падида дигар танҳо мушкили экологӣ нест, балки ба масъалаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва саломатии ҷомеа низ табдил ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.