26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:45, Душанбе
15.08.2026 19:19

Самандар Муродов варзишгари амрикоӣ Кристиан Тёрнерро шикаст дод

Самандар Муродов, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи “CFFC 159” дар ИМА Кристиан Тёрнерро шикаст дода, рекорди касбии худро ба 12 пирӯзӣ аз 12 рақобат расонд. Ҳоло суоли асосӣ ин аст: кай Самандар Муродов ба UFC роҳ меёбад?

Самандар Муродов субҳи 15-уми август дар мусобиқаи “CFFC 159”, ки дар шаҳри Филаделфияи ИМА баргузор гардид, тибқи  қарори доварон ба варзишгари амрикоӣ Кристиан Тёрнер пирӯз гардид. Тёрнер пеш аз ин рақобат дар ҳисоби касбиаш 10 пирӯзӣ ва 3 мағлубият дошт. Рақобат то анҷом идома кард ва доварон пирӯзиро ба намояндаи Тоҷикистон доданд. Бо ин натиҷа Самандар Муродов рекорди касбии худро ба 12-0 расонд. Яъне ӯ дар 12 рақобати касбӣ мағлуб нашудааст.

Ин пирӯзӣ барои Самандар Муродов шанси беҳтарин аст. Варзишгари 26-солаи тоҷик аз моҳи августи соли 2024 дар рақобатҳои расмӣ ширкат накарда буд. Рақобати охирини ӯ 23-уми августи соли 2024 дар мусобиқаи Road to UFC баргузор шуда буд. Он вақт Самандар Муродов бо қарори якдилонаи доварон Ҷонатан Пирсморо мағлуб карда, ҳисоби пирӯзиҳояшро ба 11 расонида буд. Баъди ин рақобат ӯ тақрибан ду сол аз рақобат дур монд. Аз ин рӯ, бозгашт ба мусобиқаҳои касбӣ баъди чунин танаффуси тӯлонӣ барои ӯ санҷиши ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Самандар Муродов бошад, дар бозгашти худ тавонист бар рақиби амрикоӣ пирӯз шавад ва мақоми худро ҳамчун яке аз размкорони мағлубнашудаи тоҷик нигоҳ дорад.

Самандар Муродов аз соли 2018 дар ММА-и касбӣ рақобат мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳеч як аз 12 рақобати худ мағлуб нашудааст. Дар ҳисоби ӯ пирӯзиҳо бо нокаут, таслимкунӣ ва қарори доварон мавҷуданд. Панҷ рақобати худро Муродов бо роҳи таслимкунии рақиб ба анҷом расондааст.

Яке аз пирӯзиҳои муҳимми ӯ соли 2021 ба даст омада буд, вақте ки Муродов бар Абдураҳмони Алимагомедов, ки то он вақт мағлуб нашуда буд, ғалаба кард. Баъдан ӯ дар “Eagle FC” камарбанди қаҳрамониро ба даст оварда, Максим Шветсро бо нокаути техникӣ дар раунди чорум мағлуб намуд.

Муродов, инчунин, дар мусобиқаҳои “Road to UFC” ва “UAE Warriors” баромад кардааст. Дар ин давра ӯ бар Ҷиан Сикейра, Лукас Сампайо, Бобур Қурбонов ва Ҷонатан Пирсма пирӯзиҳо ба даст овардааст.

 Ҳоло пирӯзии навбатӣ дар “CFFC” метавонад барои идомаи фаъолияти байналмилалии Самандар Муродов аҳамияти калон дошта бошад. “Cage Fury Fighting Championships” яке аз созмонҳои шинохтаи минтақавии ММА дар ИМА ба ҳисоб меравад ва як қатор варзишгарони он баъдан ба сатҳи баландтар, аз ҷумла UFC, роҳ ёфтаанд.

Самандар Муродов дар айни замон чанд бартарии муҳим дорад: синни ҷавон, рекорди идеалии 12-0, таҷрибаи қаҳрамонӣ, баромад дар чанд созмони байналмилалӣ ва пирӯзиҳо бар рақибони дорои таҷрибаи ҷиддӣ. Қувваи асосии ӯ муборизаи заминӣ ва назорати рақиб дар партер мебошад. Аммо дар солҳои охир Муродов услуби худро бештар такмил дода, ҳамчун размкори ҳамаҷониба низ худро нишон медиҳад. Пас аз пирӯзӣ бар Тёрнер саволи асосӣ дигар танҳо ин нест, ки оё Муродов барои UFC омода аст ё не. Суоли муҳимтар ин аст, ки кай ба ӯ имкони баромад дар бузургтарин созмони ММА-и ҷаҳон дода мешавад.

Бо рекорди 12 пирӯзӣ ва ҳеч гуна мағлубият, бозгашти бомуваффақият ба майдони Амрико ва таҷрибаи рақобат дар созмонҳои байналмилалӣ Самандар Муродовро ба як қадами дигар ба орзуи UFC наздиктар кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.