Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷабҳаи озодӣ: “Афғонистон дар як бунбасти амиқи сиёсӣ қарор дорад”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар панҷумин соли суқути низоми ҷумҳурӣ ва тасаллути Толибон бар Афғонистон гуфтааст, ки ин кишвар дар як “бунбасти амиқи сиёсӣ” қарор дорад ва ин гурӯҳ натавонистааст масъалаи қонунияти сиёсӣ ва давлатдориро ҳал кунад.
Ин ҷабҳа рӯзи шанбе, 15-уми август бо нашри баёнияе гуфтааст, ки тасаллути Толибон дар Афғонистон дастовардҳои ду даҳсолаи гузашта дар заминаи озодӣ, мардумсолорӣ, ҳуқуқи асосии шаҳрвандон ва иштироки баробари занону мардон дар ҷомеаро бо “як ақибгарди таърихӣ” рӯ ба рӯ кардааст.
Ҷабҳаи озодӣ афзудааст, ки гурӯҳи террористии Толибон бо ҳазфи неруҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, маҳдуд кардани озодиҳои иҷтимоӣ ва набудани интихобот ва ниҳодҳои намояндагии мардум, Афғонистонро аз як низоми иҷтимоӣ ба “тасаллути як гурӯҳи мусаллаҳ” табдил додаанд.
Дар ин баёния омадааст, ки назорати сарзамин ба маънои қонунияти сиёсӣ нест ва сукути мардум дар натиҷаи саркӯб ва маҳдудиятҳо низ набояд ба унвони ризояти онҳо аз режими Толибон тафсир шавад.
Ин ҷабҳа ҳамчунин, бо ишора ба вазъи иқтисодии Афғонистон гуфтааст, ки дар панҷ соли гузашта фақр, бекорӣ, коҳиши имкониятҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати неруи инсонӣ ва вобастагии миллионҳо шаҳрванд ба кумакҳои башардӯстона ҳамчунон аз мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар мебошанд.
Ҷабҳаи озодӣ таъкид кардааст, ки муборизаи низомӣ ба танҳоӣ роҳи ҳалли буҳрони Афғонистон набуда ва ҳадафи ин ҷабҳа идомаи беохири ҷанг нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”