Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Панҷсолагии суқут; Созмони Милал: Толибон беш аз 100 фармони маҳдудкунанда алайҳи занон содир кардаанд
Ҳамзамон бо панҷумин соли суқути Афғонистон ба дасти гурӯҳи террористии Толибон, Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки ин гурӯҳ дар панҷ соли гузашта беш аз 100 фармони маҳдудкунандаи ҳуқуқи занонро содир кардааст.
Ин созмон рӯзи шанбе, 15-уми август гузориш додааст, ки маҳдудиятҳои Толибон бахшҳои гуногуни зиндагии занон, аз ҷумла омӯзиш, шуғл, рафтуомад, дастрасӣ ба хизматрасонии тандурустӣ ва адолатро дар бар мегирад.
Сюзэн Фергюсон, намояндаи вижаи бахши занони Созмони Милал дар Афғонистон, гуфтааст, ки Афғонистон бо “шадидтарин буҳрони ҳуқуқи занон дар ҷаҳон” рӯ ба рӯ аст.
Бар асоси гузориши Созмони Милал, аз 3200 зани афғон, 7 зан аз ҳар 10 зан вазъи солимии равонии худро бад ё хеле бад тавсиф кардаанд.
Созмони Милал ҳамчунин, гуфтааст, ки имсол беш аз 10,7 миллион зан ва духтар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Ин мавзуъ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ЮНЕСКО низ гуфтааст, занон аз зиндагии умумӣ дар Афғонистон “маҳв шудаанд” ва насли тозае аз духтарон бидуни омӯзиш дар ҳоли калон шудан аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”