Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ. Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе баргузор шуд
14-уми август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карда шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, дар ярмарка аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, маҳслуоти саноатӣ пешниҳод карда шуд. Меваю сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуданд.
“Дар растаҳои махсус ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуданд. Маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла чакан, гулдӯзӣ, адрасу атлас, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои суннатӣ муаррифӣ гардиданд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар бахши дигари чорабинӣ таомҳои миллии тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуда, дастархони идона бо хӯрокҳои гуногуни миллӣ, нонҳои суннатӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулоти хоси фарҳанги ғизоии мардуми Суғд ороста гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”