27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
15.08.2026 10:08

Ироқчӣ: “Ҳанӯз барои оғози дубораи музокирот бо Амрико ҳеч тасмиме нагирифтаем”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки кишвараш ҳанӯз барои аз сар гирифтани музокирот бо ҷониби Амрико тасмим нагирифтааст.

Сайид Аббос Ироқчӣ дар бораи охирин вазъи Тафоҳумномаи оташбаси Исломобод гуфтааст, ки дар ин санад “хотимаи ҷанг” эълом шудааст ва оташбасе вуҷуд надорад, ки тамдид шавад. Ба гуфтаи ӯ, 60 рӯз фурсат барои музокирот ҷиҳати расидан ба тавофуқи ниҳоӣ пешбинӣ шуда буд, аммо Амрико онро нақз кард ва даргириҳо аз сар гирифта шуданд.

Ироқчӣ гуфтааст, Қатар ва Покистон ба унвони миёнҷӣ танҳо паёмҳоро мубодила мекунанд ва дар тамос ҳастанд, аммо ин ба маънои музокирот нест. Ӯ афзудааст: “Мо ҳанӯз барои оғози дубораи музокирот бо Амрико тасмим нагирифтаем”.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин, гуфтааст, ки музокироти Эрон бо Уммон мавзуи комилан ҷудогона ва фаннӣ барои муайян кардани хатҳои баҳрии тангаи Ҳурмуз ва ҳаракати киштиҳост.

Ба гуфтаи ӯ, роҳҳои қаблӣ дигар корбурд надоранд ва ҳоло як роҳи муваққатӣ тарҳрезӣ мешавад, ки баъдан ба роҳи ниҳоӣ табдил хоҳад ёфт.

Ироқчӣ таъкид кардааст, ки музокироти фаннӣ бо Уммон ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз ду мавзуи ҷудогона мебошанд. Ҳатто пас аз муайян шудани роҳ, бозгушоии танга ба иҷро шудани шартҳои дигар вобаста аст, ки Амрико бояд ба онҳо пойбанд бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.