Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хизер Барр: “Ғарб занони афғонро дар музокирот бо Толибон нодида гирифт”
Хизер Барр, пажӯҳишгари аршади бахши ҳуқуқи занон дар Дидбони ҳуқуқи башар, аз рӯйкарди давлатҳои ғарбӣ дар раванди музокирот бо гурӯҳи террористии Толибон интиқод кардааст.
Хизер Барр рӯзи ҷумъа, 14-уми август дар сафҳаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки Толибон акнун чашмандози ифротии худро барои ҷомеаи Афғонистон бар пояи сиёсатҳое пеш мебаранд, ки ӯ онро “апартеиди ҷинсӣ” тавсиф кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ, дар ҳоле ҳуқуқи занонро яке аз дастовардҳои муҳим ва рамзи муваффақияти худ дар Афғонистон муаррифӣ мекарданд, ки дар музокироте, ки дар ниҳоят ба тасаллути дубораи Толибон анҷомид, занони афғон аз ҳузур ва доштани намоянда дар мизи музокирот маҳрум шуданд.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки маҳдудиятҳои густурдаи Толибон алайҳи занон ва духтарони афғон, аз ҷумла дар заминаҳои таҳсил, озодии рафтуомад ва мушорикати иҷтимоӣ ва сиёсӣ, бо интиқодҳои густардаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”