Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-ум то 9-уми октябр Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар назар аст иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндаи академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ ва рақси халқӣ ҳунарнамоӣ намоянд.
“Ҳадафи баргузории Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад”, - навиштааст манбаъ.
Гуфтан бамаврид аст, ки моҳи октябри соли 2022 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуда буд, ки дар он зиёда аз 400 нафар аз кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”