Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пекин: машқҳои низомии Тайван “саҳнасозӣ барои ҷанг” аст
Вазорати дифои Чин машқҳои низомии 10-рӯзаи Тайванро, ки ҳафтаи гузашта оғоз шуданд, “намоиши гарон ва бефоида” номид ва ҳушдор дод, ки чунин иқдомҳо тарси ҷангро афзоиш медиҳанд.
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ ин аввалин вокуниши расмии Пекин ба машқҳои солонаи низомии “Ҳан Куанг” (Han Kuang) аз замони оғози онҳост. Машқҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки Чин ҳузури низомии худро дар атрофи ҷазираи Тайван афзоиш додааст.
Чэн Си, сухангӯи Вазорати дифои Чин, дар изҳороте гуфт, ки машқҳои “Ҳан Куанг” ҳамеша “намоиши зоҳирӣ ва гарон” будаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳизби ҳокими Тайван ба тарси ҷанг “беибо” доман мезананд ва талош доранд шаҳрҳоро ба майдони набард табдил дода, мардуми ғайринизомиро ба хатти пеш баранд.
Пекин ҳамзамон эълом кардааст, ки Артиши озодибахши халқ дар ҳолати омодабоши комил қарор дорад ва барои муқобилият бо он чӣ “ҷудоихоҳӣ ва дахолати хориҷӣ” меномад, пайваста иқтидори ҷангии худро тақвият медиҳад.
Чин Тайванро бахше аз қаламрави худ медонад ва гуфтааст, агар иқдомҳо барои истиқлол ё ҷудоии ҷазира идома ёбанд, истифода аз неруи низомӣ низ метавонад яке аз вариантҳо бошад. Бо ин ҳол, Пекин таъкид мекунад, ки “муттаҳидшавии осоишта”-ро авлотар медонад.
Дар муқобил, ҳукумати Тайван мегӯяд, танҳо мардуми ҷазира ҳақ доранд дар бораи ояндаи он қарор қабул кунанд ва пайваста сиёсати фишори Чинро маҳкум мекунад.
Неруҳои Чин тақрибан ҳама рӯз дар фазои ҳавоӣ ва обҳои атрофи Тайван гаштҳои низомӣ анҷом медиҳанд. Таниш миёни Пекин ва Тайбэй аз масъалаҳои калидии амниятӣ дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”