Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии Суғд
14-уми август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд шинос шуд.
Бинобар иттилои саҳифаи расмии шаҳрдор дар Телеграм, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Гуфта мешавад, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд баромад намуда, сокинону меҳмонони шаҳри Душанберо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”