Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Вазири корҳои дохилии Покистон: аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода мешавад
Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилии Покистон, дар дидор бо Эспен Барт Эйде, вазири корҳои хориҷии Норвегия, гуфтааст, ки аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода мешавад.
Ба гузориши расонаи “Дон”, Муҳсин Нақавӣ рӯзи ҷумъа, 14-уми август, дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Норвегия дар бораи ҳамлаҳои террористӣ ба Покистон аз хоки Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
Бар асоси гузориш, ду ҷониб мувофиқа кардаанд, ки ҳамкориҳоро дар заминаи мубориза бо терроризм ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ тақвият диҳанд.
Дар гузориш омадааст, ки вазъи Афғонистон ва фаъолияти созмонҳои мамнуъ дар ин кишвар аз меҳварҳои асосии гуфтугӯи ду ҷониб будааст.
Нақавӣ бо ташбеҳ кардани Покистон ба деворе миёни ҷаҳон ва терроризм гуфтааст: “Хоки Афғонистон пайваста барои терроризм дар Покистон истифода мешавад.”
Мақомоти Покистон тайи чанд соли ахир гурӯҳи террористии Толибонро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои зидди Покистон муттаҳам кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад