Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дидори фармондеҳи СЕНТКОМ бо валиаҳди Арабистони Саудӣ дар бораи таҳаввулоти минтақа
Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ аз дидори фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (СЕНТКОМ) бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар, хабар додааст.
Бино ба гузориши Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (ВАС), Брэдли Купер, фармондеҳи СЕНТКОМ, рӯзи ҷумъа, 14-уми август, дар шаҳри Ҷидда бо Муҳаммад ибни Салмон мулоқот кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо равобит ва ҳамкориҳои дифоъӣ миёни Риёз ва Вашингтонро баррасӣ кардаанд.
Бар асоси ин гузориш, охирин таҳаввулоти минтақа ва талошҳои муштарак барои коҳиши танишҳо низ аз меҳварҳои асосии гуфтугӯи валиаҳди Арабистони Саудӣ ва фармондеҳи СЕНТКОМ будааст.
Муҳаммад ибни Салмон ва Брэдли Купер ҳамчунин, бар аҳамияти таҳкими амният ва суботи минтақа таъкид карда, роҳҳои кумак ба коҳиши танишҳои ҷорӣ дар Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”