Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сафари Сарвари давлат ба Турсунзода аз ифтитоҳи коргоҳи нави саноатӣ оғоз шуд
Имрӯз, 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода сафар карданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз шуд.
Гуфта мешавад, ки корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шуда, дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар он 30 ва дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад.
Зикр мегардад, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”