Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Маскав: ҷазираҳои Курил бахши ҷудонашавандаи қаламрави Русия мебошанд
Маскав дар вокуниш ба мавқеи мақомоти Ҷопон таъкид кардааст, ки ҷазираҳои Курил бахши ҷудонашавандаи қаламрави Русия мебошанд.
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ сафорати Русия дар Ҷопон дар як изҳорот гуфтааст, ки Николай Ноздрев, сафири Русия, зимни ҳузур дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон дар посух ба “изҳороти беасоси” ҷониби Ҷопон дар бораи сафари президенти Русия ба ҷазираи Итуруп таъкид кардааст, ки ҷазираҳои Курил бахши ҷудонашавандаи қаламрави Русия ҳастанд.
Ба гуфтаи сафорати Русия, ин ҷазираҳо бар асоси далелҳо ва асосҳои қонунии байналмилалӣ ба Русия ҳамроҳ шудаанд ва соҳибихтиёрии Русия бар онҳо “ғайри қобили инкор” аст.
Ҷопон пас аз сафари Владимир Путин, президенти Русия, ба ҷазираҳои мавриди баҳси ду кишвар, ба ин иқдом эътироз кардааст.
Путин рӯзи панҷшанбе дар ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ ҳузур пайдо кард, ки дар Ҷопон бо номи “Ҷазираҳои Шимолӣ” шинохта мешаванд. Тосимитсу Мотэги, вазири корҳои хориҷии Ҷопон, дар пайи ин сафар эътирози шадиди кишварашро баён кардааст.
Кремл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки Путин дар ҷазираи Итуруп, аз як корхонаи коркарди маҳсулоти обӣ боздид ва бо Валерий Лимаренко, губернатори вилояти Сахалин, мулоқот кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”