Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
8 нафар дар суқути чархболи Толибон дар Нусайи Бадахшон ҷон бохтаанд
Расонаҳои Афғонистон бо такя ба манобеи маҳаллии худ хабар додаанд, ки дар пайи суқути чархболи гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон, 7 сарнишини он ҷон бохтаанд.
Манобеъ рӯзи панҷшанбе, 13-уми август ба расонаи “8-и субҳ”-и Афғонистон таъйид кардаанд, ки ин чархболи Толибон дар ҳоли интиқоли захмиёни ин гурӯҳ будааст.
Ба гуфтаи манобеъ, се чархболи Толибон барои интиқоли кушташудагон ва захмиёни ин гурӯҳ ба ноҳияи Нусай рафта будаанд, ки яке аз онҳо суқут кардааст.
Манобеъ мегӯянд, ки аз минтақаи Зарфаракҳо бар ин чархбол тирандозӣ шудааст ва дар пайи он суқут кардааст.
Ба гуфтаи манобеъ, дар ин рӯйдод, илова бар сарнишинони чархбол, як кӯдак низ кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Пештар расонаҳои Афғонистон хабар дода буданд, ки Толибон неруҳои ёрирасони худро барои ҷанг бо Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, тавассути чархбол ба минтақа фиристодааст.
Ҳамчунин, дирӯз шаҳрдори Толибон дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, дар натиҷаи инфиҷори як мина кушта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад