Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду паҳподи Толибон дар Бадахшон аз ҷониби ҷанговарони Ҷумъахон Фотеҳ сарнагун карда шудааст
Расонаҳои Афғонистон бо такя ба манобеи маҳаллӣ мегӯянд, дар идомаи даргириҳо миёни гурӯҳи террористии Толибон ва ҷабҳаҳои зидди ин гурӯҳ дар Бадахшон, ду паҳподи Толибон аз ҷониби ҷанговарони Ҷумъахон Фотеҳ сарнагун шудаанд.
Манобеъ рӯзи панҷшанбе, 13-уми август гуфтаанд, ки ин ду паҳпод дар ноҳияи Нусайи Бадахшони Афғонистон сарнагун шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, Толибон дар вокуниш ба ин таҳаввулот қасд доранд имшаб аз роҳи Куфоб ба неруҳои Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, ҳамла кунанд.
Ин рӯйдодҳо дар ҳолест, ки даргириҳо миёни Толибон ва ҷабҳаҳои зидди Толибон дар минтақаҳое аз Бадахшон афзоиш ёфтааст.
Пештар расонаҳои Афғонистон гуфта буданд, ки Толибон неруҳои кӯмакрасони худро барои ҷанг бо Ҷумъахон Фотеҳ тавассути чархбол ба минтақаи даргир мефиристоданд.
Дар пайи ин даргириҳо, манобеъ, ҳамчунин, аз суқути як чархболи Толибон дар ноҳияи Нусай ва кушта шудани ҳафт сарнишини он хабар додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”