Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад: “Қаллобон аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ва унсурҳои сохтаи расмӣ истифода мекунанд”
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз паҳн шудани навъи нави қаллобӣ ба шаҳрвандон ҳушдор дод.
Манбаъ навиштааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд.
Гуфта мешавад, ки барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ, фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд.
Дар ин росто, Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандон ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳанд ва маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд, зеро Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад, ба аҳолӣ қарз намедиҳад, барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад ва тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад.
Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон маслиҳат медиҳад, ки дар ҳолати дучор шудан ба ҳолатҳои монанд шаҳрвандон корти бонкии худро масдуд намоянд, ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат кунанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”