Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Посухи тунди Ироқчӣ ба вазири хориҷии Фаронса
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон изҳороти вазири корҳои хориҷии Фаронсаро дар бораи масоили ҳуқуқи башар “риёкорона ва шармовар” хондааст.
Ироқчӣ дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, кишварҳое ба мисли Фаронса бояд аз дигар ба кишварҳои ҷаҳон дар бораи “ҳуқуқи башар” ва қонунҳои байналмилалӣ мавъиза накунанд.
Ба гуфтаи ӯ, мавқеи Фаронса дар баробари ҷанги Ғазза ва ҳамлаҳо ба Эрон эътимод ба иддаои ин кишвар дар бораи доштани “бартарии ахлоқӣ”-ро аз байн бурдааст.
Ироқчӣ таъкид кардааст, ки пуштибонии Фаронса аз Исроил дар ҷараёни ҷанг дар Ғазза ва ҳамлаҳои таҷовузкорона ба Эрон, ҳар гуна бартарии ахлоқиеро, ки мақомоти фаронсавӣ барои худ қоил буданд, зери суол бурдааст.
Ин вокуниш дар ҳоле садо медиҳад, ки баҳсҳо миёни Теҳрон ва кишварҳои аврупоӣ дар бораи ҳуқуқи башар, қонунҳои байналмилалӣ ва сиёсати онҳо дар қиболи низоъҳои минтақа идома доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”