27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
13.08.2026 11:48

Панҷсолагии тасаллути Толибон: Созмони Милал аз авҷи буҳрони ҳуқуқи занон дар Афғонистон хабар дод

Бахши занони Созмони Милали Муттаҳид (UN Women) бо изҳори нигаронӣ аз авҷи буҳрони ҳуқуқи занон дар Афғонистон мегӯяд, ки нисфи занони ин кишвар танҳо як ё ду бор дар як моҳ аз хона берун мераванд ва маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон озодии рафтуомади онҳоро коҳиш додааст.

Ин ниҳод рӯзи чоршанбе, 12-уми август, дар баёнияе гуфтааст, ки дар панҷумин соли тасаллути Толибон, Афғонистон ҳамчунон ягона кишвари ҷаҳон аст, ки дар он духтарон аз таҳсилоти миёна ва занон аз таҳсил дар донишгоҳ маҳруманд.

Бахши занони Созмони Милал дар ин баёния гуфтааст: “Панҷ сол пас аз ба қудрат расидани Толибон дар августи соли 2021, Афғонистон ҳуқуқи нисфи аҳолии худро ба тави систематикӣ аз байн бурда ва ба намунаи беҳамто дар ҷаҳони имрӯз табдил шудааст”.

Ин ниҳод афзудааст, ки мақомоти Толибон аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ беш аз 100 фармон бар зидди занон ва духтарон содир кардаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳоди Созмони Милал, Толибон табъизро ҷобаҷо карда ва шадидтарин буҳрони ҳуқуқи занонро дар ҷаҳон амиқтар сохтаанд.

Бар асоси назарсанҷие, ки ин ниҳод анҷом додааст, беш аз нисфи занон гуфтаанд, ки дар моҳ ду бор ё камтар аз хона берун мераванд.

Аксари онҳо гуфтаанд, ки ҳангоми берун рафтан аз хона бидуни маҳрам, эҳсоси ноамнӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин маҳдудиятҳо ҳамчунин, ба шиддат гирифтани буҳрони солимии равонӣ дар миёни занон сабаб шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.