27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
13.08.2026 07:55

Дар Сеул нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор гардид

12-уми август дар шаҳри Сеул бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея, Корпоратсияи Корея оид ба барқарорсозии конҳо ва истихроҷи маъданҳо (KOMIR), Институти илмҳои геологӣ ва захираҳои минералии Корея (KIGAM), Бонки содиротии Корея Кексимбонк ва бахши хусусии ду кишвар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи маъданҳо ва металҳои қиматбаҳо, таъмини талабот ба маъданҳои муҳим ва устувории занҷираҳои таъминот баррасӣ шуд.

Дар чорабинӣ имкониятҳои Тоҷикистон дар самти захираҳои маъдании муҳим муаррифӣ гардида, масъалаи ҳамкории муштарак дар самти иктишофи захираҳои зеризаминӣ ва таҷрибаи Корея дар соҳаи рушди занҷираҳои таъминот муаррифӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар қисми ниҳоии чорабинӣ вохӯриҳои корӣ дар шакли B2B байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, аз ҷумла "Пакруд", "Талко голд", "Апрелевка", "Канзи диёр" , "Анзоб",  "ШКС Тоҷикистону Чин", "Дастрас 2011"ва "ТBЕА" бо ширкатҳои кореягӣ, доир шуданд, ки ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкории мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориҳоро баррасӣ карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.