Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Аз доруҳои камёфт то хӯроки нисфирӯзӣ: “Yalla” чӣ гуна рушд кард?
Чӣ гуна як идеяи хурд метавонад ба лоиҳае табдил ёбад, ки барои ҳалли мушкилоти мардум хизмат мекунад? Азиз Носиров ва ҳамфикронаш барои осон кардани зиндагии мардум лоиҳаи “Yalla”-ро роҳандозӣ кардаанд. Онҳо аз дарёфти доруҳои камёфт то дастрас кардани хӯроки нисфирӯзӣ барои кормандони корхонаҳоро таҷриба намуданд ва то ондозае муваффақ ҳам шуданд.
Азиз Носиров, яке аз муассисони “Yalla” дар мусоҳиба бо мо дар бораи роҳи тайкардаи лоиҳа, мушкилоти стартапсозӣ, фарқи соҳибкору стартапер ва орзуи баромадан ба бозори ҷаҳонӣ гуфт.
- Чаро лоиҳаатонро “Yalla” номгузорӣ кардед?
- Мо мехостем номе гузорем, ки ҳам ба фарҳангамон наздик ва ҳам замонавиву осон бошад. Дар аввал номи лоиҳаамонро “Дармон” гузоштем. Бархе корҳоро анҷом додем, аз ҷумла логотип сохтем, вале вақте ки барои сомонаамон домен хариданӣ будем, банд буд. Чун маълумот гирифтем, ки пас аз се моҳ шартномаашон ба охир мерасад, ба хулосае омадем, ки интизор мешавем ва онро мегирем, аммо масъулини сомонаи мазкур муҳлати истифодаашро тамдид карданд ва мо сомонаамонро бо суроғаи “darmon24” фаъол кардем. Пас аз чанде ба мо маълум шуд, ки браузерҳои ҷустуҷӯӣ ба корбарон сомонаи моро камтар нишон медиҳанд. Баъдан, дар як тренинг иштирок кардем ва он ҷо бо Шер Ҷурабоев аз наздик шинос шудем. Бо он кас бархе мушкилоти лоиҳаро баррасӣ кардем ва ба хулосае омадем, ки бояд номро иваз кунем. Ҳамин тавр, Шер Ҷурабоев пешниҳод карданд, ки “Yalla” гузорем. Азбаски аз аввал нияти мо ба бозори ҷаҳонӣ баромадан буд, ин ном хеле мувофиқ омад.
- Дар мусоҳибае гуфтед, ки дар аввал лоиҳаи мазкурро падаратон хуб қабул накарданд. Бигӯед, ки чӣ шуморо ба пеш ҳаракат дод ва водор кард, ки коратонро идома диҳед?
- Аслан, падарам гарм қабул накарданд, вале қатъан зид ҳам набаромаданд. Дар оилаи мо ҳамеша волидон дастгирӣ мекунанд, аммо қарорро мо худамон мегирем. Дар оғоз амакам бовар карданд ва дастгирӣ намуданд. Сипас, мо чанд кас ҷамъ шудем ва ин корро оғоз кардем. Чун ҳамаамон аз як мактаб будем, ба фикре омадем, ки корро оғоз мекунем, агар муваффақ шуд, давом медиҳем, агар нашуд, таҷриба мегирем.
- Лоиҳаи шумо ба дарёфт ва дастраскунии доруҳои камёфт машғул аст. Яъне онҳое, ки доруи даркориашонро наёбанд, ба сомонаи шумо дархост мегузоранд. Бигӯед, ки шумо чӣ хел доруҳои камёфтро меёбед?
- Аслан, дар аввал нияти мо дорухонаи онлайн фаъол кардан буд, вале бо роҳнамоии Шер Ҷурабоев мо ба хулосае омадем, ки ба воситаҳои гуногун доруҳои камёфтро пайдо карда, ба мардум хизматрасонӣ мекунем. Дар аввал мо пойгоҳи муайяни доруҳо ташкил кардем. Ҳамчунин, бо дӯстони хориҷиамон, ки ба хариду фурӯши дору сари кор доранд, ҳамкорӣ мекунем.
- Оё ҳолате ҳам шудааст, ки доруеро аз хориҷи кишвар дастрас карда бошед?
- Тибқи низомномаи лоиҳаамон мо танҳо ҳаққи дар Душанбе фаъолият кардан дорем, аммо буданд ҳолатҳое, ки мо аз хориҷи кишвар доруҳоро пайдо кардем ва ба фармоишгар суроғаро пешниҳод намудем. Яъне мо доруро пайдо кардем ва масъалаи оварданашро ба бар дӯши худи муштарӣ гузоштем.
- Барои мисол, агар нархи як дору 100 сомонӣ бошад, муштарӣ ҳангоми дарёфти он тавассути хизматрасонии шумо чӣ қадар маблағ пардохт мекунад?
- Аслан мо барои дарёфти дору ҳеҷ маблағе намегирем. Дар аввал танҳо пули иловагӣ барои хизматрасонии қосидро ҳисоб мекардему халос. Аммо ҳоло хизматрасонии бурдарасониро тавассути ширкати “Ҷура” ба роҳ монда истодаем, ки дигар фоидаи молӣ надорем. Дар маҷмуъ, мо сомонаро ҳамчун воситаи ҷустуҷӯ ва дарёфти дору пешниҳод мекунем.
- Чор сол мешавад, ки фаъолият мекунед. Бигӯед, ки дар ин муддат дарк кардед, ки каме ҳам бошад зиндагии мардумро осон кардед?
- Ростӣ, заррае ҳис намекунем. Аҳолии кишвари мо зиёда аз даҳ миллион кас аст ва аз ин шумора тақрибан як миллион нафар ба сомонаи мо ворид шудаанд, вале онҳое, ки ба мо дархост гузоштаанд, хеле каманд, шояд 0,1 фоизи воридшудагон бошанд. Азбаски масъалаи дору нозук аст ва дар Душанбе тақрибан 1000 дорухона аст, мардум доруҳои аввалиндараҷаро аксар вақт аз дорухонаҳо дастрас мекунанд. Мо дар ин муддат бештар ба онҳое хизмат расонидем, ки доруҳои ниҳоят камёфтро меҷӯянд.
- Тавре медонем, доираи фаъолияти лоиҳаатонро васеъ кардед ва ҳоло хизматрасонии ҷолибе доред. Яъне бо корхонаҳо маслиҳат намуда, барои коргаронашон хӯроки нисфирӯзӣ дастрас мекунед. Лутфан дар бораи ин хизматрасониатон бигӯед.
- Дар аксар корхонаҳо масъалаи тановули хӯроки нисфирӯзӣ ба мушкилии доимӣ табдил ёфтааст, яъне масъалаи пайдо кардани ошхонаи хубу дастрас, роҳ, ба кор дер накардан ва ғайра. Аз ҷумла ин мушкилро мо ҳам доштем. Сипас, бо як шиносамон, ки ошхона дошт, маслиҳат карда, ин корро шурӯъ кардем. Бо гузашти вақт фармоишҳо зиёд шуданд ва мо бо чанд ошхонаи дигар ҳамкорӣ кардем. Мутаассфиона, дар миён баъзе мушкилот баромад ва маҷбур шудем, ки ҳамкориро бо дигар ошхонаҳо қатъ кунем ва фармоишҳоро камтар қабул намоем. Ҳоло танҳо бо як ошхона ҳамкорӣ мекунем ва аз шумораи ками одамон фармоиш қабул мекунем. Умед дорем, ки рӯзҳои наздик вазъ хуб мешавад, зеро дар ин муддат мо болои лоиҳаи мазкур кори зиёд кардем ва албатта, бо нақшаву пешниҳодҳои нав корро беҳтар мекунем ва доираи қабули фармоишҳоро меафзоем.
- Стартап аз тиҷорат чӣ фарқ дорад?
- Фарқи асосии стартап аз тиҷорати классикӣ ин аст, ки стартап дар як сол бояд ба арзише расад, ки тиҷорат дар 10-20 сол мерасад, яъне суръати рушди баланд дошта бошад. Албатта, мақсад аз стартап низ монанди тиҷорат пул кор кардан аст, аммо бояд суръаташ баланд бошад.
- Фарқи як стартапер аз соҳибкор чист?
- Ба назари ман, стартаперҳо нафаронеанд, ки ҳудудро намебинанд ва сарҳадро намешиносанд. Масалан, як соҳибкор дар фикри фурӯхтани телефон ва зиёд кардани шумораи мағозаҳояш аст, аммо стартапер дар фикри ба бозори ҷаҳонӣ баромадан, арзиши ширкаташро якбора зиёд кардан ва ва ба ҳамин монанд.
- Шумо худатонро соҳибкор меҳисобед?
- Бале, аммо худро ҳанӯз соҳибкори муваффақ намеҳисобам. Барои соҳибкори муваффақ шудан, кори зиёдеро бояд анҷом диҳем.
- Ба хатоҳо чӣ хел нигоҳ мекунед?
- Таҷриба. Мо хато карда, корро меомӯзем ва ҳамаи қадамҳои мондаамон таҷриба шуданд. Масалан, мо хизматрасонии дарёфту дастраскунии доруҳоро дар якуним сол оғоз кардем, вале хизматрасонии дуюмамон хизматрасонии расонидани хӯроки нисфирӯзӣ ба корхонаҳоро дар се моҳ ба роҳ мондем. Хатоҳову афтиданҳо ва хестанҳо буд, ки мо таҷриба гирифтем.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”



