Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Давлаталӣ Саид ва Сафири Чин дар Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратию истеҳсолиро баррасӣ карданд
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории чинӣ, рушди робитаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байни минтақаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот таъкид гардид, ки вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои бузурги иқтисодию аграрӣ ва саноатии кишвар дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ буда, барои ҳамкории судманд бо ширкатҳои чинӣ омодагии ҳамаҷониба дорад.
Манбаъ навиштааст, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла саноат ва коркарди амиқи ашёи хом, кишоварзӣ ва агротехнология, энергетикаи сабз, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин муаррифӣ гардиданд.
Афзуда мешавад, ки ҷонибҳо ба масъалаи густариши содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин росто, раиси вилояти Хатлон пешниҳод намуд, ки бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои мустақими вилояти Хатлон бо яке аз вилоятҳои аз лиҳози иқтисодӣ рушдёфтаи Чин ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои байни минтақаҳо дар самтҳои сармоягузорӣ, савдо, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва омодасозии кадрҳо густариш дода шаванд.
“Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои омодасозии мутахассисони ҷавон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин омӯзиши забони чинӣ ва омодасозии кадрҳо барои корхонаҳои дорои сармояи чинӣ баррасӣ шуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”