Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Русия ба мусодираи киштиҳои тиҷоратӣ посух хоҳад дод”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳушдор додааст, ки Маскав ба ҳар гуна талош барои мусодираи киштиҳои тиҷоратии Русия посух хоҳад дод.
Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Путин рӯзи чоршанбе, 12-уми август, зимни боздид аз марҳилаи поёнии машқи “Неруи дарёии Уқёнуси Ором”-и Русия гуфтааст, ки мақомоти бархе кишварҳо бар хилофи қонунҳои байналмилалии баҳрӣ талош мекунанд ҳаракати киштиҳои ғайринизомии марбут ба фаъолони иқтисодии Русияро маҳдуд кунанд.
Путин гуфтааст, бархе кишварҳо ахиран ҳатто имкони мусодираи киштиҳои Русия ва фурӯши амволи мусодирашудаи ин кишварро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом “чизе ҷуз роҳзанӣ ва ғоратгарии баҳрӣ нест” ва агар он амалӣ шавад, Русия маҷбур хоҳад шуд ба онҳо ба ҳамин шакл посух диҳад.
Раиси ҷумҳури Русия афзудааст, ки Маскав ин иқдомро дар ҳар минтақаи баҳрӣ, аз ҷумла дар минтақаи Уқёнуси Ором, анҷом хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ба далели иқдомҳои Ғарб дар ин минтақа имкони даргирӣ афзоиш ёфтааст.
Путин гуфтааст: “НАТО ба ин минтақа нуфуз кардааст, блокҳои нави низомию сиёсӣ эҷод мешаванд ва низомҳои нави таслиҳотӣ дар ин ҷо мустақар шудаанд ё барои мустақар шудан барномарезӣ шудаанд, ки барои кишвари мо низ таҳдид эҷод мекунанд”.
Путин ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Русия ҳеч гоҳ Ҷопонро таҳдид намекунад ва ҳеч иддаое алайҳи ин кишвар надорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, Токио барои нахустин бор дар санадҳои докторинии худ Маскавро дар қатори таҳдидҳои асосӣ ба Ҷопон қарор додааст.
Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, Ҷопон дар робита ба низои Украина ва бидуни таваҷҷуҳ ба сабабҳои аслии он, алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
Путин ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Русия ҳамеша барои пайдо кардани созишҳои қобили қабул барои ҳамаи ҳамсояҳо ва шариконаш омода аст. Ӯ гуфтааст, Маскав омода аст чунин созишҳоро бо назардошти манфиатҳои мутақобил ба даст орад.
Ба гуфтаи Путин, Русия барои ҳамкорӣ дар минтақаи Қутби Шимолӣ, аз ҷумла дар масири баҳрии шимолӣ, дар чорчӯби қонунҳои байналмилалӣ омода аст.
Ӯ, инчунин, таъкид кардааст, ки размоиши Неруи дарёии Уқёнуси Ором барои ҳифзи омодагии ҷангии неруҳо ва таъмини амният зарур буда, неруҳои ин флот вазифаҳои вогузоршударо пурра иҷро мекунанд.
Путин аз омодагии Русия барои ҳалли масъалаи ҷазираҳои Курил бо Ҷопон гуфт
Путин ҳамчунин, эълом кардааст, ки Русия омода буд дар ҳамкорӣ бо Ҷопон барои ҳалли масъалаи ҷазираҳои Курил, ки пас аз анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар санадҳои байналмилалӣ ба Русия тааллуқ гирифтанд, роҳи ҳалли муносиб пайдо кунад.
Ӯ гуфтааст, Ҷопон дар мавриди ҷазираҳои Курил алайҳи Русия иддаои ҳудудӣ дорад. Ба гуфтаи Путин, ҳалли ин масъала дар санадҳои байналмилалӣ ҳамчун воқеияте, ки дар пайи натиҷаҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм шакл гирифтааст, сабт шудааст.
Путин афзудааст, ки Русия ҳатто дар ин масъала низ барои пайдо кардани роҳи ҳалли он ба хотири имзои паймони сулҳ бо Ҷопон омода буд.
Раиси ҷумҳури Русия ёдовар шудааст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1950-ум бо Ҷопон изҳороте имзо карда буд, ки роҳро барои имзои паймони сулҳ боз мекард. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ҷопон низ ин санадро имзо карда, вале баъдан аз он даст кашидааст.
Путин гуфтааст, баъд аз он Русия ба дархости Токио мувофиқат карда ва музокирот барои пайдо кардани роҳҳои расидан ба паймони сулҳро аз сар гирифта буд.
Раиси ҷумҳури Русия рӯзи чоршанбе марҳилаи ниҳоии размоиши Неруи баҳрии Уқёнуси Оромро аз рӯйи саҳни крейсери мушакии “Варяг” мушоҳида кардааст.
Размоиши дифоъ аз марзҳои баҳрӣ, ҷазираҳо ва минтақаҳои соҳилии Шарқи Дури Русия аз 4-уми август идома дорад. Ин размоиш муҳимтарин чорабинии омодагии амалиётӣ ва ҷангии Неруи дарёии Уқёнуси Ороми Русия дар соли ҷорӣ ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”