Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Расонаҳои Афғонистон аз даргирӣ бо Толибон дар Нусайи Бадахшон хабар медиҳанд
Манобеи маҳаллӣ дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки даргирӣ миёни неруҳои зидди гурӯҳи террористии Толибон ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар наздикии қароргоҳи неруҳои Ҷумъахон Фотеҳ сар задааст.
Манобеъ рӯзи сешанбе, 11-уми август, ба рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ки пас аз он ки ҷангҷӯёни Толибон дар рустои Қуғаз ба як ғайринизомӣ ба номи Мустафо тирпарронӣ кардаанд, даргирӣ миёни ду тараф оғоз шудааст.
Ба гуфтаи манобеъ, даргирӣ баъдан дар рустои Зғар, дар наздикии зодгоҳи Ҷумъахон Фотеҳ ва рустои Родавҷ идома ёфтааст.
Манобеъ меафзоянд, ки дар ҷараёни ин даргириҳо, ҷангҷӯёни Толибон муттаҳам ба талафот шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир, ҳамлаҳои Ҷабҳаи озодӣ ва дигар ҷабҳаҳои зидди Толибон дар нуқтаҳои мухталифи Бадахшон афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”