27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
12.08.2026 11:05

Ҳисор: Туҳфаҳои Сарвари давлат ба 40 кӯдаки ятим супорида шуданд

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор ба 40 кӯдаки ятими кулл туҳфаҳои Сарвари давлат супорида шуданд.

Бинобар иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва дигар шахсони масъул бо ятимон вохӯриву суҳбат намуданд.

“Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбати самимӣ бо кӯдакон аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдор ба ҳисоб меравад”, навиштааст манбаъ.

Дар вохӯрӣ бо ятимон Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фароҳам сохтани шароити муносиб барои таҳсилу тарбияи онҳо яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор, муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дастгирии минбаъдаи хатмкунандагони чунин гурӯҳҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.