Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп муддаии контроли комили Амрико бар тангаи Ҳурмуз шуд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, муддаӣ шудааст, ки неруҳои низомии Амрико контроли комили тангаи Ҳурмузро дар даст доранд.
“Ал-Ҷазира”, бомдоди чаҳоршанбе, 12-уми август, гузориш дода, ки Трамп ин мавзуъро ба хабарнигорон дар пойгоҳи муштараки Эндрюз баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Трамп гуфта, ки ба Эрон эътимод надорад.
Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст: “Мо комилан тангаи Ҳурмузро контрол мекунем. Мо бар он контрол дорем: ҳеч каси дигаре, фақат мо, неруи дарёии мо боварнакарданӣ аст ва авзоъ барои кишварамон олӣ пеш меравад”.
Ӯ ҳамчунин, мақомҳои эрониро муттаҳам ба дурӯғгӯйӣ карда ва афзудааст, ки Эрон ҳеч контроле бар тангаи Ҳурмуз надорад.
Ин дар ҳолест, ки тангаи Ҳурмуз аз ҳангоми ҳамлаи Амрико ва Исроил бо Эрон, тавассути Сипоҳи посдорон идора мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”